Паради сайёраҳо падидаи астрономӣ мебошад, ки дар он чанд сайёраи низоми Офтоб аз нуқтаи назари бинанда дар як қисми осмон ё дар қарибии хатти эклиптика – мадори Офтоб мушоҳида мешавад. Ин падидаи зебост, вале маънои онро надорад, ки ҳамаи сайёраҳо, воқеан дар як хат ё дар масофаи наздик ҷойгир шуда бошанд.
Мафҳуми «паради сайёраҳо» ба маънои муосираш дар осори қадим бо ин ном зикр намешавад, аммо мутафаккирон ва ситорашиносони Шарқ ва Ғарб борҳо дар бораи ҳамҷойшавӣ (конъюнксия) ва ҷойгиршавии сайёраҳо навиштаанд.
Аз ҷумла, Клавдий Птолемей дар «Алмагест» (Almagest). Дар ин асар ҳаракати сайёраҳо ва усулҳои пешгӯии ҳамҷойшавии онҳо шарҳ дода шудааст.
Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ал-Қонун ал-Масъудӣ» мавқеи сайёраҳо, ҳисобҳои астрономӣ ва конъюнксияҳои сайёраҳоро бо дақиқии баланд овардаст.
Абӯалӣ ибни Сино дар бахшҳои табиатшиносии «Китоб аш-шифо ва ан-наҷот» сохтори Коинот ва ҳаракати ҷирмҳои осмониро муҳокима кардааст, ҳарчанд «паради сайёраҳо» ҳамчун истилоҳи алоҳида зикр нагардидааст.Насириддини Тӯсӣ дар «Тазкират фӣ илм ал-ҳайъа» ва ҷадвалҳои расадхонаи Мароға. Дар онҳо ҳаракати сайёраҳо ва ҳамҷойшавии онҳо таҳлил шудаанд.
Мирзо Улуғбек дар «Зиҷи Султонӣ». Ин асар ҷадвалҳои хеле дақиқи мавқеи сайёраҳоро фаро мегирад.
Йоҳаннес Кеплер дар «Rudolphine Tables». Ҷойгиршавӣ ва ҳамҷойшавии сайёраҳоро бо дақиқии бештар ҳисоб кардааст.
Николай Коперник дар «De revolutionibus orbium coelestium». Ин асар модели офтобмарказиро пешниҳод кард ва фаҳмиши илмии ҷойгиршавии сайёраҳоро дигаргун сохт.
Галилео Галилей дар асарҳои худ ва мушоҳидаҳои телескопиаш ҳаракати сайёраҳоро тасдиқ намуд ва ба рушди нуҷуми муосир замина гузошт. Мувофиқи гуфти ӯ сайёраҳо дар мадорҳои гуногун ва бо суръатҳои гуногун дар атрофи Офтоб ҳаракат мекунанд.
Он чизе, ки мо «парад» меномем, танҳо ҳамҷойнамоӣ аз нуқтаи назари Замин мебошад. Аслан масофаи байни сайёраҳо миллионҳо, ҳатто миллиардҳо километрро ташкил медиҳад.
Оё он ба сайёраи Замин таъсир мерасонад?
Аз рӯи ҳисобҳои физикӣ ва механикии осмонӣ:
қувваи ҷозибаи Моҳ ба Замин нисбат ба ҳамаи сайёраҳои дигар хеле бузургтар аст;
қувваи ҷозибаи Офтоб аз ҳама бештар ба ҳаракати Замин таъсир мерасонад;
Ҷозибаи Муштарӣ, Зуҳра, Миррих ва дигар сайёраҳо ба Замин ба дараҷае ночиз аст, ки ба ҳаёти ҳаррӯза, иқлим, заминларза ё фаъолияти вулқонҳо таъсири назаррас ё ченшаванда надорад.
Аз ин рӯ, илми муосир дар бораи он ки паради сайёраҳо офатҳои табиӣ ё дигаргуншавии Заминро ба вуҷуд меоваранд, ягон далели таҷрибавӣ пешниҳод накардааст.
Оё инсонҳои дар ҳамин рӯз таваллудшуда дорои хусусияти махсус ҳастанд?
Аз нигоҳи астрономӣ ва биологӣ:
хислати инсон аз ирсият (генетика), тарбия, муҳити иҷтимоӣ, таълим ва таҷрибаи зиндагӣ вобаста аст.
То имрӯз ягон тадқиқоти илмӣ собит накардааст, ки ҷойгиршавии сайёраҳо ҳангоми таваллуд шахсият ё тақдири инсонро муайян мекунад. Аслан ин ақида ба астрология тааллуқ дорад, на ба астрономия.
Вале ин падида барои олимон имконият медиҳад, ки:
ҳаракати сайёраҳоро дақиқ санҷанд;
моделҳои механикаи осмониро муқоиса кунанд;
телескопҳо ва асбобҳои нав ё замонавии мушоҳидавиро санҷанд;
мардумро ба омӯзиши астрономия ҷалб созанд.
Пурсида мешавад, ки дар оянда низ чунин парадҳо рух медиҳанд?
Бале. Зеро ҳар як сайёра давраи гардиши худро дорад:
Чунончӣ, Меркурий – тақрибан 88 рӯз;
Зуҳра – 225 рӯз;
Замин – 365 рӯз;
Миррих – 687 рӯз;
Муштарӣ – 11,86 сол;
Зуҳал – 29,5 сол;
Уран – 84 сол;
Нептун – 164,8 сол.
Бинобар ин баъзан чанд сайёра аз нуқтаи назари Замин боз дар як қисми осмон дида мешаванд. Вале паради комилии бисёр сайёраҳо нисбатан кам рух медиҳад, зеро мувофиқоии мавқеи ҳамаи онҳо фурсати зиёд тақозо менамояд.
Хулоса, паради сайёраҳо, ки 12 августи соли 2026 ба вуқӯъ меояд, аз зеботарин падидаҳои осмонист. Аммо тибқи донишҳои муосири нуҷумшиносӣ, физика ва механикаи осмонӣ он ба Замин таъсири ҷиддии физикӣ намерасонад, боиси офатҳои табиӣ намегардад, хислат ё тақдири инсонро муайян намекунад.
Арзиши асосии ин падида он аст, ки инсонро ба омӯзиши қонунҳои Коинот, нуҷумшиносӣ ва илмҳои кайҳонӣ бештар ҳавасманд ва қарин месозад.
Зуҳуриддин Муслиҳиддинов,
омӯзгори фанни физикаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-уми
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.