Булунғур — макони «нони дуюм»

Картошка яке аз муҳимтарин зироатҳои ғизоӣ ба ҳисоб рафта, бинобар серистеъмол буданаш онро «нони дуюм» низ меноманд. Ватани ин рустанӣ Амрикои Ҷанубӣ буда, баъдан тавассути Испания ва Русия ба Осиёи Марказӣ роҳ ёфтааст.

Имрӯз ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд ҳамчун яке аз марказҳои асосии картошкапарварии Ӯзбекистон шинохта мешавад. Соли ҷорӣ деҳқонону фермерҳои ноҳия дар 5286 гектар замин картошка парвариш намуда, беш аз 116 ҳазору 300 тонна ҳосил ба даст оварданд.

– Аллакай дар 3284 гектар заминҳои аз ғалладона ва дигар зироатҳо холишуда навъҳои серҳосили картошка кишт карда шуданд, – мегӯяд муовини ҳокими ноҳия Аслиддин Маматмӯсоев. – Картошка барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳаммияти калон дошта, аз ҳамин ҷиҳат онро «нони дуюм» меноманд.

Солҳои охир дар мамлакат як қатор қарор ва фармонҳои Президент оид ба рушди картошкапарварӣ қабул гардид. Дар доираи ин сиёсати давлатӣ дар ноҳияи Булунғур ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Булунғур Агростар» таъсис дода шуд.

Пештар тухмии картошка аз Нидерландия ворид гардида, арзиши ҳар килои он 30–35 ҳазор сӯмро ташкил медод. Ҳоло бошад, бо дастгирии давлат дар худи ноҳия истеҳсоли тухмии серҳосили картошка ба роҳ монда шуда, он ба хоҷагиҳои фермерии вилояти Самарқанд бо нархи 16 ҳазору 200 сӯм пешниҳод мегардад.

Ба гуфтаи Аслиддин Маматмӯсоев, агар солҳои пеш аз ҳар гектар танҳо то 150 сентнер ҳосил гирифта мешуд, имрӯз ин нишондиҳанда ба 250–300 сентнер расидааст.

– Имрӯз имкониятҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ хеле васеъ гардидааст, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо. – Агар замоне робита бо кишварҳои ҳамсоя маҳдуд буд, имрӯз бо сиёсати оқилонаи роҳбарияти давлат ҳамкориҳо рӯз аз рӯз таҳким меёбанд. Масалан, аз Миср тухмии картошка ворид намуда, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Туркия онро дар минтақаҳои соҳили дарёи Зарафшон парвариш мекунем.

Ба гуфтаи ӯ, шароити иқлим ва хокии ноҳияи Булунғур барои парвариши картошка хеле мувофиқ буда, имрӯз дар ин ҷо навъҳои серҳосили «Аризона», «Пикассо» ва дигар навъҳо кишт мешаванд.

Маҳсулоти истеҳсолшуда на танҳо талаботи бозори дохилиро таъмин мекунад, балки ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон низ содир мегардад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: