Аз майдони чангу ғубор то ба бозори замонавӣ

Имрӯз дар саросари Ӯзбекистон таҳти шиори «Барои қадри инсон» корҳои васеи ободонӣ босуръат идома доранд. Бояд гуфт, ки беҳтар намудани инфрасохтори бозорҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои соҳибкорон ва таъмин кардани муҳити бароҳат барои аҳолӣ, аз самтҳои муҳими ин сиёсати созанда ба шумор меравад. Дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ низ бинобар чунин иқдоми пайгирона, имрӯз бозори деҳқонӣ симои комилан нав гирифтааст.

Чанд сол пеш ҳудуди бозори деҳқонии Нурато дар рӯзҳои боронӣ гилолуд ва пур аз  кӯлмак мегардиду дар фасли гармо ба майдони чангу ғубор табдил меёфт. Ин ҳолат ҳам барои фурӯшандагон ва ҳам барои харидорон мушкилоти зиёд пеш меовард. Равуои нақлиёт душвор шуда, маҳсулоти кишоварзӣ низ дар шароити ғайримусоид ба фурӯш гузошта мешуд. Табиист, ки чунин вазъият ба сатҳи хидматрасонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири манфӣ мерасонд.
Имрӯз ин манзара куллан тағйир ёфтааст. Дар доираи корҳои ободонӣ дар Нурато, ки мақоми «Ноҳияи симои Ӯзбекистони Нав»-ро соҳиб гардидааст, ҳудуди ҶММ «Бозори деҳқонӣ» пурра мумфарш ва инфрасохтори он аз нав таҷдид гардид. Ҳамзамон, таваққуфгоҳи замонавии нақлиётӣ сохта шуд, ки бобати танзими ҳаракат ва фароҳам овардани роҳати харидорон аҳамияти калон дорад.
Ин тағйирот танҳо навгонии сохтмонӣ нест. Он, пеш аз ҳама, нишондиҳандаи муносибати нав ба зиндагии мардум мебошад. Акнун соҳибкорону фурӯшандагон метавонанд фаъолияти худро дар муҳити тозаву озода ба роҳ монанд, харидорон низ бидуни мушкил маҳсулоти заруриро дастрас намоянд. Чунин шароит ба беҳтар шудани маданияти савдо, баланд гардидани сифати хидматрасонӣ ва афзудани гардиши иқтисодӣ низ мусоидат мекунад.
Президенти мамлакат борҳо таъкид намудааст, ки «Ислоҳот, пеш аз ҳама, бояд ба манфиати инсон хидмат кунад». Таҷдиди бозори деҳқонии Нурато ҳам таҷассумгари ҳамин ғояи нек мебошад. Зеро ҳар як лоиҳаи ободонӣ чун таъмири роҳ, таҷдиди бозор ва бунёди иншооти нав пеш аз ҳама барои осоиши мардум хидмат мекунад.
Бо як сухан, алҳол Нурато симои нав мегирад. Роҳҳои нав, иншооти иҷтимоӣ, боғҳои истироҳатӣ, муассисаҳои таълимӣ далели равшани онанд, ки сиёсати созанда дар амал натиҷаҳои назаррас медиҳад. Бозори деҳқонӣ низ танҳо як дастоварди сохтмонӣ нест, балки рамзи эҳтиром ба инсон, ғамхорӣ ба аҳолӣ ва ифодаи амалии сиёсати бунёдкоронаи Ӯзбекистони Нав мебошад.
 
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: