Саҳми занон дар рушди иқтисодиёти «сабз»

Имрӯз тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои табиӣ ва афзоиши ифлосшавии муҳити зист аз муҳимтарин мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор мераванд. Барои рафъи ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди иқтисодиёти «сабз» таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.

 Бо ҳамин мақсад Шӯрои журналистзанони назди Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон суҳбати мизи мудаввареро таҳти унвони «Иқтисодиёти «сабз» ва занон: масъулият барои ҳифзи оянда» баргузор намуд.

Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, густариши принсипҳои ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз», ташвиқи иштироки фаъоли занон дар ташаббусҳои экологӣ, инчунин шарҳи моҳияти чорабиниҳои идона бахшида ба 35-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти шиори «Ҳамчун як Ватан, як халқ ояндаи нав ва ҳаёти навро бунёд мекунем!» буд.

Дар кори суҳбати мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист, рӯзноманигорон ва занони фаъол иштирок карданд.

Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули фарҳанги экологӣ, саҳми занон дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ ва роҳбарии онҳо дар ин самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода, андешаву пешниҳодҳои худро оид ба масъулияти журналистон дар инъикоси мушкилоти экологӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа баён намуданд.

Таъкид гардид, ки иқтисодиёти «сабз» истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва ташаккули тарзи ҳаёти масъулиятнокро дар бар мегирад. Дар амалисозии ин ҳадаф занон нақши калидӣ доранд, зеро маҳз онҳо дар тарбияи насли наврас ва ташаккули фарҳанги экологӣ саҳми муассир мегузоранд.

Оила нахустин мактаби тарбия аст. Кӯдак аввалин дарсҳои ахлоқ, масъулият ва муносибати дуруст ба табиатро аз модар меомӯзад. Модарон фарзандонро ба риояи тозагӣ, партофтани партовҳо ба ҷойҳои махсус, ҳифзи дарахтон ва истифодаи сарфакоронаи об, неруи барқ, маводи ғизоӣ ва дигар неъматҳои табиат одат медиҳанд.

Дар фарҳанги мардуми мо эҳтиром ба табиат ҷойгоҳи хос дорад. Бузургон ҳамеша таъкид мекарданд, ки исроф гуноҳ аст ва ҳар неъмат бояд қадр карда шавад. Истифодаи сарфакоронаи об, ғизо ва дигар захираҳо на танҳо ба сарфаи буҷаи оила мусоидат мекунад, балки ба ҳифзи муҳити зист низ саҳм мегузорад. Аз ҳамин ҷост, ки иқтисодиёти «сабз» аз одатҳои неки ҳаррӯза оғоз меёбад.

Имрӯз занон на танҳо дар доираи оила, балки дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва бахши соҳибкорӣ низ метавонанд ташаббускори иқдомҳои экологӣ бошанд.

Воситаҳои ахбори омма низ дар ташаккули фарҳанги экологӣ нақши муҳим доранд. Журналист танҳо хабарнигор нест, балки тарғибгар ва маърифатбахши ҷомеа мебошад. Бо таҳияи мақолаҳо, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, мусоҳибаҳо бо мутахассисон, гузоришҳо аз минтақаҳои экологӣ ва муаррифии таҷрибаҳои пешқадам журналистон метавонанд таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист бештар ҷалб намоянд.

– Табиби бузург Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст: «Табиат модари меҳрубонест, ки агар ба қонунҳои он сар фуруд оварӣ, ба ту сиҳҳатӣ ва умри дароз мебахшад». Агар ҳар як модар дар қалби фарзанди худ эҳтиром ба табиат, сарфакорӣ ва ҳисси масъулиятро тарбия намояд, ҷомеа соҳиби шаҳрвандони дорои фарҳанги баланди экологӣ мегардад. Агар журналистон низ ин арзишҳоро бо сухани таъсирбахш ва маводи босифат тарғиб кунанд, фарҳанги экологӣ боз ҳам таҳким хоҳад ёфт. Ҳифзи муҳити зист вазифаи танҳо як гурӯҳ нест, балки рисолати умумии ҷомеа мебошад ва занон дар иҷрои ин рисолат нақши пешсаф доранд, – мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи «Тонг юлдузи» Фирӯза Адилова.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: