Ба шаҳрвандони дорои гурӯҳҳои I ва II-и маъюбӣ нафақа ба таври проактивӣ таъин карда мешавад

Ба шаҳрвандоне, ки ба онҳо гурӯҳи I ё II-и маъюбӣ муқаррар шудааст, нафақаи маъюбӣ ба таври проактивӣ таъин карда мешавад. Ҳамчунин, нафақаи шаҳрвандоне, ки баъди таъин гардидани нафақа на камтар аз як соли собиқаи корӣ доранд, ҳар ду сол як маротиба бе муроҷиати онҳо аз нав ҳисоб карда мешавад.

Дар ҷаласаи 18-уми пленарии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи таъмини давлатии нафақавии шаҳрвандон”» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳадафи қонун боз ҳам такмил додани тартиби таъини нафақа мебошад.

Солҳои охир дар кишвар ҷиҳати содда намудани тартиби таъини нафақа, бартараф кардани монеаҳои зиёдатии бюрократӣ тавассути рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар низоми таъминоти нафақавӣ ва таҳкими принсипҳои адолати иҷтимоӣ тадбирҳои пайгирона амалӣ мешаванд.

Қонуни мазкур низ ба таҳкими минбаъдаи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони дорои маъюбӣ дар соҳаи нафақа равона шудааст.

Тибқи санад, дар сурати муқаррар шудани гурӯҳи I ё II-и маъюбӣ ба шаҳрванд, нафақаи маъюбӣ ба таври проактивӣ таъин карда мешавад. Яъне, барои таъини он аз шаҳрванд пешниҳоди аризаи алоҳида талаб карда намешавад.

Ҳамчунин, агар пас аз таъини нафақа шаҳрванд на камтар аз як соли собиқаи корӣ дошта бошад, нафақаи маъюбии ӯ ҳар ду сол як маротиба бе муроҷиаташ ба таври проактивӣ аз нав ҳисоб карда мешавад.

Дар қонун инчунин пешбинӣ шудааст, ки пас аз анҷоми тарҳҳо аз нафақа маблағи нафақаи ба шаҳрванд пардохтшаванда набояд аз ҳаҷми ҳадди ақали хароҷоти истеъмолӣ камтар бошад.

Ба таъкиди сенаторон, тағйиру иловаҳои мазкур ба содда намудани тартиби таъини нафақаи маъюбӣ, коҳиш додани сарсонию саргардонии шаҳрвандон ва боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи нафақа мусоидат хоҳанд кард.

Дар поёни муҳокима сенаторон қонунро маъқул донистанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: