Дар назди Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон вобаста ба самтҳои гуногуни соҳа чандин шӯрои эҷодӣ фаъолият мекунанд. Акнун ба қатори онҳо Шӯрои эҷодии блогерон низ ҳамроҳ гардид.
Дар ин бора Хадамоти иттилоотии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки зимни чорабинии «Рӯзи лоиҳаҳо», ки 3 июни соли ҷорӣ баргузор гардид, бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии блогерон, рушди саводнокии медиавӣ, тарбияи насли нави блогерон ва дастгирии эҷодгарони боистеъдоди муҳтавои рақамӣ ташаббуси таъсиси Шӯрои эҷодии блогерон пешниҳод шуда буд.
Дар доираи нахустин чорабинии Шӯро бо иштироки блогерон, коршиносони соҳаи медиа, журналистон ва мутахассисони соҳа муҳокимаҳо баргузор шуданд. Дар ҷараёни он иштирокдорон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯро пешниҳод ва андешаҳои худро баён карданд.
Таъсиси Шӯрои эҷодии блогерон марҳилаи муҳими навбатӣ дар фаъолияти пайвастаи Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ин иқдом ба ташаккули муҳтавои масъулона дар фазои муосири медиа, дастгирии рушди касбии намояндагони соҳа ва фароҳам овардани майдони бозу созандаи муколама равона шудааст.