Андиҷон бо шаҳри Хайкоуи Чин робитаҳои ҳамкории дӯстона барқарор кард

Андиҷон ва шаҳри Хайкоуи Чин барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дӯстона ба мувофиқа расиданд.

Миёни шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон ва шаҳри Хайкоуи Чин робитаҳои ҳамкории дӯстона барқарор гардиданд. Дар ин бора агентии «Дунё» хабар медиҳад.

Бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Хайкоу мулоқоти онлайнӣ бо иштироки намояндагони ҳокимияти шаҳри Андиҷон ва маъмурияти шаҳри Хайкоу баргузор шуд.

Зимни мулоқот миёни ду шаҳр Ёддошти тафоҳум оид ба барқарор намудани робитаҳои ҳамкории дӯстона ба имзо расид.

Намояндагони Андиҷон омодагии худро барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами ширкатҳо ва ташкилотҳои Хайкоу, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории саноатӣ изҳор карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо ташкили сафарҳои кории мутақобила ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои муштарак ҳамкории амалии миёни намояндагони доираҳои соҳибкориро боз ҳам густариш диҳанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: