Зарбаҳои ИМА натавонистанд барномаи ҳастаии Эронро боздоранд

Эҳтимол меравад, ки Теҳрон ҳудуди 440 килограмми урани то 60 дарсад ғанишударо дар ихтиёр нигоҳ дошта бошад.

Зарбаҳои ИМА ба се иншооти асосии ҳастаии Эрон дар солҳои 2025 ва 2026 барномаи ҳастаии Теҳронро суст карданд, аммо натавонистанд онро комилан боздоранд. Дар ин бора рӯзномаи The New York Times хабар додааст.
Ҷумҳурии Исломӣ дастрасии нозирони Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳассостарин иншооти ҳастаии худ маҳдуд карда, сарнавишти дақиқи урани дараҷаи баланди ғанишударо номуайян боқӣ гузоштааст.
Ба арзёбии Оҷонсии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЭ), Эрон эҳтимол ҳудуди 440 килограмм урани то 60 дарсад ғанишударо нигоҳ дошта бошад. Тибқи тахминҳо, қисми зиёди он дар наздикии Исфаҳон нигоҳдорӣ мешавад. Дар сурати ғанисозии минбаъда, ин миқдор метавонад барои тавлиди маводи зарурӣ барои сохтани 9–10 силоҳи ҳастаӣ кофӣ бошад.
Бино ба навиштаи NYT, зарбаҳои ҳавоӣ ба иншооти ҳастаии Натанз ва Фордо зарари ҷиддӣ расондаанд, аммо имкони пурра аз байн бурдани инфрасохтори марбут ба барномаи ҳастаии Эрон вуҷуд надоштааст.
Ҳамзамон, дар наздикии Натанз Эрон сохтмони маҷмааи зеризаминиеро дар доманаи кӯҳи Пикакс идома додааст, ки барои истеҳсоли сентрифугаҳо пешбинӣ шудааст.
Коршиноси масоили Эрон Ҷеймс Эктон тахмин мезанад, ки дар сурати набудани назорати байналмилалӣ Теҳрон метавонад дар муддати камтар аз як сол тавони сохтани силоҳи ҳастаиро пайдо кунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: