Ба довталабоне, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок карда, ҳадди ақалли холро ба даст овардаанд, аммо ба донишҷӯӣ тавсия нашудаанд, имкони иштирок дар озмун барои ҷойҳои холии ихтисосҳо дода мешавад.
Ба қарори №578 «Дар бораи тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи раванди қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар ин бора канали Telegram-и «Назорати таълим» хабар дод.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, довталабоне, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок намуда, ҳадди ақалли холро ба даст овардаанд, вале ба донишҷӯӣ тавсия нашудаанд, метавонанд барои ҷойҳои холии боқимонда дар ихтисосҳои дахлдор дар озмун иштирок кунанд.
Ин раванд ба тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
— пас аз як ҳафтаи эълон шудани натиҷаҳои имтиҳонҳо, довталабон дар давоми як ҳафта барои ихтисосҳои холии дорои маҷмӯи фанҳо ва забони таҳсили мувофиқ ба қайд гирифта мешаванд;
— довталабон бо риояи қатъии пайдарҳамии холҳои бадастовардаашон, яъне аз рӯи рейтинг, ба ҷойҳои холӣ дар асоси шартномаи базавии пардохти таҳсил қабул карда мешаванд;
— рӯйхатҳое, ки аз ҷониби Агентии арзёбии дониш ва малакаҳо тартиб дода мешаванд, барои ба расмият даровардани фармони қабул аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ асос мегарданд.
Ҳамчунин, ба банди 74-уми қарор тағйироти зерин ворид шудааст.
Агар қаблан қабули баъзе қарорҳо аз ҷониби Комиссияи давлатӣ анҷом дода мешуд, акнун ин ваколат ба зиммаи ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олӣ гузошта шудааст. Яъне, масъулият ва салоҳияти қабули қарор мустақиман ба роҳбари муассисаи таҳсилоти олӣ вогузор гардид.
Илова бар ин, сархати дуюми банди 74 хориҷ карда шуда, минбаъд татбиқ намегардад. Сархатҳои сеюм ва чорум бошад, мутаносибан сархатҳои дуюм ва сеюм ҳисобида мешаванд.