BBC: Қаллобон бо истифода аз зеҳни сунъӣ овози наздикони шуморо тақлид мекунанд

Имрӯз танҳо шунидани овози фарзанд, ҳамсар ё дигар шахси наздик дар телефон дигар далели кофии воқеӣ будани занг нест. Зеро бо рушди зеҳни сунъӣ қаллобон метавонанд овози инсонро ба таври хеле дақиқ тақлид карда, бо номи наздикони ӯ пул талаб кунанд.

Дар ин бора BBC дар як мақолаи худ ҳушдор додааст.

Дар мақола саргузашти як модар аз шаҳри Буффалои ИМА оварда мешавад. Соли 2025 ӯ занге гирифт, ки гӯё аз писари 16-солааш буд. Писараш бо гиря мегуфт, ки дӯсташ фавтидааст. Баъдан марди ношиносе телефонро гирифта, таҳдид кардааст, ки писари ӯро низ мекушад, агар модар ба ҷойи муайяншуда 7 ҳазору 500 доллар наорад.

Модар аз тарс ба роҳ баромад. Аммо баъд маълум шуд, ки писараш дар асл дар бозии футбол қарор доштааст ва ҳеҷ хатаре ба ӯ таҳдид намекардааст. Овозе, ки модар шунида буд, deepfake-и сохтаи зеҳни сунъӣ будааст.

«Калимаи махфӣ» метавонад қаллобро фош кунад

Коршиносон ба як роҳи хеле содда тавсия медиҳанд: аъзои оила бояд пешакӣ як калима ё ибораи махфӣ интихоб кунанд, ки танҳо худи онҳо медонанд.

Агар ногаҳон занге расад ва шахсе, ки худро фарзанд ё наздикатон муаррифӣ мекунад, аз шумо пул талаб кунад ё гӯяд, ки дар хатар аст, аз ӯ хоҳиш кунед, ки калимаи махфии оилавиро бигӯяд.

Беҳтараш ин калима чизе бошад, ки барои дигарон тахмин карданаш душвор аст — масалан, як шӯхии дохили оилавӣ ё хотираи муштарак.

Аммо як нуктаи муҳим ҳаст: ҳатто доштани чунин калима ҳам метавонад кофӣ набошад. Зеро қаллобон аввал инсонро ба ҳолати тарс ва воҳима меоранд. Дар чунин вазъият одам метавонад чизҳоеро, ки қаблан медонист, фаромӯш кунад.

Се аломате, ки бояд шуморо ҳушдор диҳад

Ба гуфтаи коршиносони зикршуда дар мақолаи BBC, дар чунин қаллобӣ одатан се нишонаи муҳим дида мешавад:

1. Шитоб медиҳанд.
Мегӯянд, ки шумо бояд фавран амал кунед ва барои фикр кардан ё машварат вақт надоред.

2. Пули пайгиринашаванда талаб мекунанд.
Масалан, нақд, криптовалюта ё кортҳои тӯҳфавӣ.

3. Намегузоранд бо дигарон суҳбат кунед.
Қаллоб мехоҳад шуморо танҳо нигоҳ дорад, то касе натавонад вазъиятро санҷида, ҳақиқатро ошкор кунад.

Аз ин рӯ, агар шахсе бо овози шинос занг зада, хабар диҳад, ки фарзанд ё наздикатон ба мушкил дучор шудааст, фавран пул нафиристед. Аввал зангро қатъ карда, мустақиман ба худи он шахс ё ба дигар аъзои оила занг занед ва маълумотро санҷед.

Технология метавонад овози наздикони моро тақлид кунад, аммо сирри оилавии моро намедонад. Аз ҳамин сабаб, як калимаи одии махфӣ метавонад дар лаҳзаи муҳим сипари хеле қавӣ бошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: