Акнун дар бонкҳои Ӯзбекистон шаҳрвандон метавонанд ба маблағи то 500 доллари ИМА асъори хориҷии нақдро бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият харидорӣ намоянд.
Ҳуҷҷати дахлдори соҳавӣ, ки бо ташаббуси Вазорати адлия таҳия шудааст, 8 майи соли 2026 бо рақами бақайдгирии 2886-12 аз қайди давлатӣ гузашт.
Тибқи қоидаҳои нав, ҳангоми хариди асъори хориҷии нақд ба маблағи то 500 доллари ИМА, аз муштариён пешниҳоди шиноснома, корти ID ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият талаб карда намешавад.
Қаблан бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият харидани асъори хориҷии нақд танҳо ба маблағи то 100 доллари ИМА иҷозат дода мешуд.
Тартиби нав аз 9 августи соли 2026 мавриди амал қарор гирифт.