Дар замоне ки инсоният бо мушкилоти рӯзафзуни экологӣ, бахусус афзоиши партовҳои пластикӣ рӯ ба рӯ гардидааст, нақши олимони ҷавон дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ рушди илм, дастгирии ҷавонони боистеъдод ва тарбияи ихтироъкорони навовар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид кардааст: «Ҷавононе, ки соҳиби дониш, тафаккури мустақил ва ҷаҳонбинии васеъ мебошанд, неруи асосии пешрафти давлат ва ҷомеаанд».
Яке аз чунин ҷавонони донишманд Ҳаёт Истамов мебошад, ки дар синни ҷавонӣ бо дастовардҳои назарраси илмӣ дар самти таҳияи биополимерҳои зудтаҷзияшаванда на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар доираҳои илмии хориҷӣ низ маъруф гардидааст.
Ҳаёт Истамов соли 1996 дар шаҳри Навоӣ ба дунё омадааст. Падараш Йӯлчи Ҳайдаров дар Ҷамъияти саҳҳомии «Navoiydon-mahsulotlari» фаъолият дошта, модараш Иқболой Тоирова солҳои зиёд ҳамчун ҳамшираи шафқат дар Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ кор кардааст. Маҳз муҳити солими оила, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба дониш дар ташаккули шахсияти ӯ нақши муҳим гузоштанд.
Ҳ. Истамов аз овони мактабхонӣ ба фанни кимиё шавқу рағбати зиёд дошт. Дар мактаби рақами 2-юми шаҳри Навоӣ таҳсил намуда, соли 2014 дар озмуни вилоятии фанни кимиё ҷойи аввалро соҳиб гардид. Ин пирӯзӣ оғози роҳи илмии ӯ шуд.
Солҳои 2015–2019 дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии шаҳри Қазони Федератсияи Русия аз рӯйи ихтисоси «Технологияи пластмасса ва маводи композитсионӣ» таҳсил кард. Маҳз дар ҳамин давра донишҳои назариявиро бо корҳои амалии илмӣ пайваста, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист пайдо намуд. Соли 2015 дар озмуни байналмилалии «Кимиёи бузурги оянда», ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Солҳои 2020-2022 таҳсили магистратураро дар Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ ва технологияҳои Навоӣ аз рӯйи ихтисоси «Технологияи химиявии моддаҳои органикӣ» бомуваффақият анҷом дод.
– Дар кишвари мо барои машғул шудани ҷавонон ба илм ва аз худ кардани касбҳои муосир имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд, – мегӯяд декани факултети кимиё ва металлургияи донишгоҳ Санъат Шарипов. – Ҳаёт Истамов аз ҷумлаи донишҷӯёне буд, ки бо дониши амиқ, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ аз ҳамсолони худ фарқ мекард.
Соли 2016 дар озмуни умумирусиягии донишҷӯён дар шаҳри Қазон аз фанни «Кимиёи умумӣ ва ғайриорганикӣ» дар ҳайати даставӣ ҷойи дуюм, дар ҳисоби инфиродӣ ҷойи сеюм ва дар марҳилаи таҷрибавӣ ҷойи аввалро соҳиб гардид.
Дар солҳои донишҷӯӣ бо стипендияи Ҳукумати Федератсияи Русия, стипендияи Президенти Федератсияи Русия ва стипендияи давлатии Ҷумҳурии Тотористон сарфароз гардида, ҳамчунин ғолиби чандин озмуну чемпионатҳои байналмилалӣ шуд.
Бо шарофати меҳнати пайваста соли 2025 рисолаи доктории (PhD)-и худро дар мавзӯи «Гирифтан ва таҳқиқи маводи композитии биотаҷзияшаванда дар асоси полимерҳои синтетикӣ» бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи доктори фалсафа (PhD) оид ба фанҳои техникӣ гардид.
Дар солҳои минбаъда дар конфронсҳои байналмилалӣ, Фестивали XIX умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, конференсияи «Ломоносов», инчунин озмунҳои Unilever Chain Reaction, Chain Reaction Hack, SIBUR ва P&G фаъолона иштирок намуда, бо диплом ва сертификатҳои сершумор қадрдонӣ шуд.
Роҳбари Иттифоқи ҷавонони донишгоҳ Дилшод Муҳаммадов мегӯяд:
– Ҳаёт Истамов пайваста барои такмили донишу малакаи худ кӯшиш мекунад. Ӯ соҳиби сертификати байналмилалии TOEFL iBT дар сатҳи С1 буда, зиёда аз 30 мақолаи илмӣ ва дастурҳои таълимию методӣ нашр кардааст. Барои як қатор барномаҳои компутерӣ низ шаҳодатномаҳои муаллифӣ гирифтааст. Ҳамзамон, дар тарбияи ҷавонон ва омода намудани донишҷӯёни боистеъдод саҳми арзанда мегузорад.
Айни ҳол Ҳаёт Истамов ҳамчун доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи фанҳои техникӣ ва омӯзгори калони кафедраи «Технологияи химиявӣ»-и Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ ва технологияҳои Навоӣ фаъолият мекунад.
Самти асосии пажӯҳишҳои илмии ӯ таҳияи биополимерҳои зудтаҷзияшаванда мебошад. Агар пластмассаҳои маъмулӣ садҳо сол дар табиат боқӣ монанд, маводи нави таҳиякардаи ӯ дар муҳлати кӯтоҳ таҷзия шуда, ба муҳити зист зарари хеле кам мерасонанд. Аз ин рӯ, корҳои илмии ӯ на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки арзиши бузурги амалӣ низ доранд.
Натиҷаҳои тадқиқоти ӯ дар конфронсҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд. Ӯ ҳамчунин муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфуз буда, дар таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба коҳиши партовҳои пластикӣ фаъолона ширкат меварзад.
Бо ташаббуси ӯ дар донишгоҳ корҳои таҷрибавӣ оид ба истифодаи маводи биологӣ дар истеҳсолот густариш ёфта, донишҷӯён бештар ба корҳои амалии илмӣ ҷалб карда мешаванд. Ин иқдом ба баланд гардидани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос мусоидат мекунад.
Орзуи Ҳаёт Истамов таҳияи технологияҳои нави экологӣ мебошад, ки барои коҳиши ифлосшавии муҳити зист дар сатҳи ҷаҳонӣ хизмат кунанд. Ӯ бар он назар аст, ки илм метавонад наҷотбахши табиат бошад, агар бо масъулият ва муҳаббат ба Замин истифода шавад.
Меҳнати пурсамари олим баҳои арзанда гирифт. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 июни соли 2026 ӯ бо мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардид.
Зимни суҳбат Ҳаёт Истамов гуфт:
– Имрӯз мо дар давраи имкониятҳои васеъ зиндагӣ мекунем. Аз ҳама муҳим он аст, ки қобилияту иқтидори ҷавонон дар сатҳи сиёсати давлатӣ низ ҳамаҷониба дастгирӣ мешавад. Дар мулоқот бо ҷавонон Президенти мамлакат моро ба он ҳидоят карданд, ки аз мушкилиҳо наҳаросем ва барои расидан ба ҳадафҳои бузург устуворона талош варзем. Суханони Сарвари давлат «Президент ҳамеша такягоҳу пуштибони шумост», ҳамеша ба ман рӯҳу нерӯи тоза бахшид.
Дар вохӯрии Президенти мамлакат бо ҷавонон, ки 30 июни соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор гардид, таъкид шуд: «Имрӯз давлатҳо на бо ҳудуд, шумораи аҳолӣ ё сарватҳои табиӣ, балки бо дониш, технология ва сармояи инсонӣ рақобат мекунанд. Илм, дониш ва тафаккур ба неруи ҳалкунандаи рушди ҷомеа табдил ёфтаанд».
Ба ақидаи Ҳаёт Истамов, ин қадрдонӣ барои ӯ на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург аст ва минбаъд низ тамоми неруи худро ба рушди илм, ҳифзи муҳити зист ва тарбияи мутахассисони ҷавони соҳибдониш равона хоҳад кард.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.