Мӯи инсон ба сипари баҳр бар зидди нафт табдил ёфт

Дар халиҷи Гуанабараи иёлати Рио-де-Жанейрои Бразилия монеаи махсусе, ки аз мӯи инсон сохта шудааст, барои ҷабби нафт ва дигар моддаҳои зараровар аз об мавриди санҷиш қарор дорад. Ин иқдом аз ҷониби созмони ғайридавлатии «Фиотрар» амалӣ мешавад.

Мӯйҳои ҷамъоваришуда аз сартарошхонаҳо, ки барои омода кардани парик мувофиқ нестанд, дар дохили таҷҳизоти силиндршакл ҷой дода шуда, ба монеаи мавҷудаи муҳофизатии рӯи об васл карда мешаванд. Озмоиши нахустини ин лоиҳа дар минтақаи Энсеада-ди-Бом-Жезус гузаронида шуд.

Ба гуфтаи мутахассисон, ин таҷҳизоти мӯйдор метавонад нафт, биодизел ва дигар моддаҳои ифлоскунандаро ҷаббида, паҳншавии онҳоро дар об маҳдуд созад. Як чунин монеа метавонад то чор моҳ дар об боқӣ монад. Технологияи мазкур барои мубориза бо ифлосшавие истифода мешавад, ки дар натиҷаи ихроҷи моддаҳои нафтӣ аз киштиҳо, партовҳои ғайриқонунӣ ва дигар манбаъҳо ба вуҷуд меояд. Чунин усул қаблан дар Чили ва Иёлоти Муттаҳида низ озмоиш шуда буд.

Интихоби халиҷи Гуанабара барои озмоиш тасодуфӣ нест. Ин минтақа, ки ҳаракати киштиҳо дар он хеле зиёд аст, даҳсолаҳои охир бо мушкилоти ифлосшавӣ рӯ ба рӯ мебошад. Моҳигири маҳаллӣ Сержио Карвальо мегӯяд, ҳангоми ба об партофтани тӯрҳо аксар вақт ба изи нафт дучор мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ ба моҳидорӣ таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.

Нафт танҳо дар сатҳи об боқӣ намонда, то умқи тақрибан 1,5 метр таъсир мерасонад ва боиси кам шудани захираи моҳӣ мегардад.

Ҷанбаи дигари муҳими ин ташаббус дастрасии қариб номаҳдуди ашёи хом мебошад. Айни ҳол тақрибан даҳ сартарошхона мӯйҳои буридашударо мунтазам ба лоиҳа месупоранд.

Муассиси созмони мазкур Мариана Робран бори аввал нест, ки аз мӯи инсон ба таври судманд истифода мекунад. Ӯ соли 2013 лоиҳаи «Кабелегрия»-ро роҳандозӣ карда буд, ки ҳадафаш ҷамъоварии мӯи эҳдошуда барои омода кардани парик барои беморони гирифтори саратон буд.

Ҳамин тавр, мӯйҳое, ки одамон одатан пас аз тарошидан ба партов мепартоянд, акнун метавонанд ба як воситаи самараноки мубориза бо ифлосшавии баҳр табдил ёбанд.

Мусулмон Зиё, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: