Дар Колумбия заминларзаи шадид бо магнитудаи 7,4 рух дод

Субҳи 10 август дар Колумбия заминларзаи шадид бо магнитудаи 7,4 рух дод. Маркази заминларза дар ҳудуди мунитсипалитети Сан-Хосе-дел-Палмар, департаменти Чоко, воқеъ будааст. Таконҳои замин дар қисми зиёди қаламрави кишвар ва инчунин дар давлатҳои ҳамсоя эҳсос шудаанд.

Тибқи маълумоти мақомоти дахлдор, дар натиҷаи заминларза 132 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Вазъият дар шаҳри Перейра ва дигар ноҳияҳои минтақаи қаҳвапарварӣ, инчунин дар департаментҳои Валле-дел-Каука ва Чоко мураккаб арзёбӣ мешавад.

Дар пайи офати табиӣ 1 ҳазору 575 бинои истиқоматӣ осеб дида, 37 адади онҳо пурра хароб шудаанд. Ҳамчунин 18 муассисаи тиббӣ, 52 иншооти таълимӣ, 18 қитъаи роҳ ва ҳафт фурудгоҳ осеб дидаанд.

Мақомоти Колумбия ҳолати офати табиии миқёси миллӣ эълон кардаанд. Дар 32 шаҳр сатҳи сурхи ҳушдор ҷорӣ шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: