Ӯзбекистониҳо барои ҷамъоварии мева ба Фаронса мераванд

Барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ба бозори меҳнати Фаронса роҳ боз мешавад. Бори аввал дар доираи барномаи муташаккил аз миёни 10 номзаде, ки барои кор назди корфармоёни фаронсавӣ интихоб шудаанд, 6 нафар раводиди меҳнатӣ гирифта, моҳи ҷорӣ ба Фаронса сафар мекунанд.

Онҳо дар корҳои мавсимии кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ ва ҷудокунии меваҳо, фаъолият хоҳанд кард.

Бино ба маълумоти Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон, ин имконият дар доираи лоиҳаи озмоишӣ амалӣ мешавад. Раванди интихоб 12 июн оғоз гардида, 1 июл номзадҳо бо иштироки корфармоёни фаронсавӣ дар шакли онлайн суҳбат карда шуданд.

Дар натиҷа корфармо 10 нафар номзадро интихоб кард. Аз ин шумора 6 нафари аввал раводиди зарурии меҳнатиро гирифтаанд.

Чор номзади боқимонда бошанд, тирамоҳи имсол ба Фаронса сафар карда, дар мавсими парвариш ва ҷамъоварии сабзавот кор хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки ин аввалин самт ва нахустин лоиҳаи озмоишӣ оид ба бо тартиби муташаккилона ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Фаронса ба ҳисоб меравад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои лоиҳа барои густариши ҳамкорӣ бо корфармоёни фаронсавӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави корӣ барои шаҳрвандони Ӯзбекистон дар бозори меҳнати ин кишвар замина гузорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: