Дар ҳақиқат, ба ин таърифу ситоиши шоир аксар омӯзгорон ва дӯстдорони ин пеша арзандаанду хизматҳои сахту сангини онҳо зебандаанд. Натиҷаи бедорхобӣ ва меҳнати сидқидилонаи омӯзгорон чӣ хуш аст, ки ҳамеша мадди назари адибон қарор доранд.
Ба ҷисми мо ту ҷонӣ, эй муаллим,
Анису меҳрубонӣ, эй муаллим,
Ба мо илму адаб омӯзӣ ҳар дам,
Накӯву нуктадонӣ, эй муаллим.
Дар ҳақиқат, ба ин таърифу ситоиши шоир аксар омӯзгорон ва дӯстдорони ин пеша арзандаанду хизматҳои сахту сангини онҳо зебандаанд. Натиҷаи бедорхобӣ ва меҳнати сидқидилонаи омӯзгорон чӣ хуш аст, ки ҳамеша мадди назари адибон қарор доранд. Имрӯзҳо шоире нест, ки дар васфи соҳибони ин пешаи муқаддас шеър нагуфта бошаду адибе ба ҳаёти одиву рангини устод-муаллим ҳикояву очерк набахшида бошад. Хоса он муаллиме, ки дар болояш пайваста кор мекунаду ҳамеша аз паси навоварию эҷодкорист, бо таъбире «лаззати даҳон»-и ҳамдиёрону волидон асту аз назари ходимони васоити ахбори оммавӣ низ дур намемонад.
Ва хушбахтона, қаҳрамони лавҳаи имрӯзаамон яке аз шинохтатарин омӯзгори таълимгоҳи Сӯхмарз, устоди беҳтарини мактаби рақами 4-уми деҳаи Сариканда мебошад. Ин омӯзгори асил, устоди донишманду сахтгир, навовару эҷодкор Машрафҷон Садирбеков буда, ба таъбири худаш, кулли сифатҳои накӯ, хоксорӣ ва муомилаи хуш ба ӯ аз волидони раҳматиаш Аво Собирҷонҳоҷию яке аз занҳои солеҳаи деҳ Холнисо гузаштааст. Бамаврид аст бояд гӯем, ки дар ин оилаи аҳлу тифоқ ва намунавии деҳа 11 фарзанд ба воя расида, ҳоло ҳама хушбахту комронанд ва ҳаёти хуши оилавӣ доранд. Машрафҷон ҳини мактабхонӣ аз ҳамаи фанҳо дониши баланд дошт ва бахусус ба илми география ва биология завқаш бештар буд. Зиёда аз ин, аз дониши амиқу тарзи дарсдиҳии устодаш Ғоибҷон Ғоибназаров бисёр хушаш меомад. Бинобар ин, ӯ байни дигар фанҳо ба фанҳои мазкур ба назари дучанд нигариста, ба мактаби олӣ низ ба ин ҷода ҳуҷҷат супорид. Ва дар факултети география-биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз устодонаш Саҳобиддин Камолиддинов, Баҳром Ҳайдаров, Додохон Ёқубов ва дигарон асрори пеша омӯхта, имрӯз худ низ яке аз устодони шинохта гардидааст. Ногуфта намонад, 32 сол аст, ки Машрафҷон Садирбеков дар таълимгоҳи рақами 4-уми деҳаи азизаш – Сариканда фаъолият дорад. Ва тӯли солҳо тавонист туфайли меҳнати босамар, дониши амиқ, маҳорати омӯзгорию муомилаи нек нисбати шогирдон ба мақсад бирасад, яъне дар қалби шогирдон маъво бигирад. Ҳамчун роҳбари синф ҳамкории мактабу оиларо мустаҳкам кард, туфайли ташкил ва ҷиҳози кабинети фаннӣ байни пешқадамон ҷой гирифт, чун омӯзгори навовару эҷодкор ба чопи дастури методӣ бо номи «География ва муҳити маданӣ» даст зад. Ин буд, ки оиди фаъолияти кории омӯзгор мудири қисми илмии мактаб Валиҷон Абсаидов бисёр суханҳои нек изҳор намуд. Инчунин, номбурда оиди иштироки шогирдони муаллим дар озмунҳои фаннии ноҳиявию вилоятӣ, аз қабили Диловар Набиҷонова, Тинҷинисо Маманазарова, Гулҳаё Ҳошимҷоноваҳо бо ифтихор сухан гуфт.
Дар хотима, бояд гӯем, ки дар ҳаёт ягон кору амал беподош нахоҳад монд, ки ин аз ҳаёти қаҳрамони лавҳаамон низ ҳувайдост. Ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ, чандин медалу нишонҳои сарисинагӣ, унвони «Халқ таълим фидойиси», «2023 йил ӯқитувчиси», «Энг яхши изланувчи», «Ёшларни Ватанпарварлик рӯҳида тарбиялаш учун»... ҳама натиҷаи меҳнат, заҳмат, ҳавас ба касбу меҳр ба шогирдон доштаи Машрафҷон Садирбеков мебошад.
Дарвоқеъ, имрӯз М. Садирбеков бо ҳамсараш Марямхон сарвари оилаи намунавӣ ҳастанд ва аз зиндагии пурнишоти фарзандони худ Дилнура, Дилафрӯз ва Хушбахтҷон дар иҳотаи 9 нафар наберагони дӯстрӯ шукрона гуфта, ҳаёти саодатманд доранд.
Баҳриддин Тоҷиддинов,
Аҳрори Маҳмудзод,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.