Ӯзбекистон аз рӯи содироти гелос дар ҷаҳон мақоми шашумро касб кард

Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои пешсафи ҷаҳон аз рӯи содироти гелос қарор дорад. Тибқи маълумоти байналмилалии тиҷоратии Comtrade-и Созмони Милали Муттаҳид, соли 2024 кишвар ба хориҷ 32,2 ҳазор тонна гелоси тару тоза содир намуда, дар раддабандии ҷаҳонӣ мақоми шашумро соҳиб шудааст.

Даромади Ӯзбекистон аз содироти гелос дар ин давра 70,4 миллион долларро ташкил додааст.

Дар раддабандии кишварҳои пешсаф Чили бо содироти 529,5 ҳазор тонна гелос дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Пас аз он Ҳонконг — 168,4 ҳазор тонна, ИМА — 84,2 ҳазор тонна, Туркия — 66,5 ҳазор тонна ва Испания — 34,1 ҳазор тонна ҷой гирифтаанд.

Дар зинаҳои баъдӣ Юнон бо 28 ҳазор тонна, Озарбойҷон — 25,8 ҳазор тонна, Австрия — 18,1 ҳазор тонна ва Молдова — 10,1 ҳазор тонна қарор доранд.

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар моҳҳои январ–июни соли 2026 кишвар ба 11 давлат 23,3 ҳазор тонна гелос содир кардааст. Арзиши умумии ин маҳсулоти содиротӣ 57,9 миллион долларро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми содироти гелос аз Ӯзбекистон соли 2021 ба нишондиҳандаи баландтарин расида, 60,8 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Ин нишондиҳанда соли 2023 — 45 ҳазор тонна, соли 2024 — 32,2 ҳазор тонна ва соли 2025 — 31,7 ҳазор тонна ба қайд гирифта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: