Хиваи зебо, ки дар он таъриху муосир бо ҳам омезиш ёфтаанд, ҳамасола мизбони даҳҳо фестивали байналмилалӣ ва ҳамоишҳои бонуфуз мегардад.
Дар миёни онҳо фестивали «Ҷашнвораи харбуза», ки моҳи август, дар мавсими пухтарасии маҳсулоти полизӣ баргузор мешавад, ҷойгоҳи хос дорад.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи сайёҳӣ ва ҳокимияти вилояти Хоразм баргузор гардида, ҳадафи он рушди иқтидори гастрономӣ ва агротуристии кишвар, инчунин тарғиби васеи навъҳои қадимаи харбузаҳои дар воҳа парваришёбанда мебошад. Фестивале, ки дар худ илму андеша, таҷрибаи ғанӣ ва фарҳанги деҳқонии мардуми моро таҷассум мекунад, тадриҷан ба яке аз ҷашнҳои зебо ва нотакрори кишвар табдил меёбад.
Тавре маълум аст, харбузаҳои Хоразм ҳанӯз ҳазорҳо сол пеш ба як навъ «бренд»-и хоси воҳа табдил ёфта, таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ба худ ҷалб кардаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки дар Хоразм беш аз 400 навъи харбуза парвариш карда мешудааст. Сайёҳи маъруфи араб Ибни Баттута, донишманди маҷорӣ Ҳерман Вамбери ва даҳҳо ҷаҳонгарди дигар дар асарҳои худ аз харбузаҳои Хоразм ёдовар шуда, онҳоро чунин тавсиф кардаанд: «Дар Шарқу Ғарб харбузае баробари харбузаҳои Хоразм вуҷуд надорад. Онҳо ба ҳадде ширину хушбӯянд, ки беҳтарин неъмате мебошанд, ки табиат ба мо ато кардааст».
Сабаби асосии чунин хуштаъмӣ ва ширинии харбузаҳои Хоразм оби аз минералҳои гуногун бойи Амударё, ки асрҳо дар ин сарзамин ҷорӣ шудааст, хоки ҳосилхези дорои таркиби хоси воҳа, гармии офтоб ва, муҳимтар аз ҳама, меҳнати содиқонаву фидокоронаи деҳқонони соҳибтаҷриба мебошад!
Дар даҳ соли охир бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои эҳёи шуҳрати мактаби харбузапарварии Хоразм ва афзоиши навъҳои содиротии мутобиқ ба шароити хоку иқлими воҳа корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Харбузаҳои навъҳои нодир, ки дар павилйонҳои намоишгоҳии фестивал ба маъраз гузошта шуданд, инчунин беш аз 200 навъи маҳсулоти аз коркарди харбуза истеҳсолшуда, натиҷаи амалии ҷустуҷӯву таҳқиқот дар ин самт мебошанд.
Фестивали «Ҷашнвораи харбуза», ки се рӯз идома ёфт, барои фермерону деҳқонони ба парвариши маҳсулоти полизӣ машғулбуда майдони хоси табодули таҷриба, шиносоӣ бо навгониҳои соҳа ва дастовардҳои селексионӣ гардид.
Дар доираи фестивал барномаҳои консертӣ бо иштироки ситораҳои маъруфи эстрадаи пойтахт ва кишварҳои хориҷӣ, ҳунарнамоии дастаҳои бадеӣ, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, инчунин барномаҳои театрӣ баргузор шуданд. Ин ҳама ба сайр шукуҳи хос бахшида, ба меҳмонони азиз ва мухлисоне, ки ҷараёни чорабиниҳоро тавассути пахши мустақим тамошо мекарданд, рӯҳияи болида ва кайфияти идона бахшид.
Дар маросими бошукӯҳи ҷамъбасти фестивал ҳокими вилояти Хоразм Ҷӯрабек Раҳимов ғолибону ҷоизадоронро табрик намуда, ба ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони хориҷӣ изҳори сипос кард.
Аз рӯи натиҷаҳои фестивал шаҳри Хива сазовори ҷоизаи Гран-при — автомашинаи BYD гардид. Ноҳияи Янгиариқ ҷойи аввалро соҳиб шуда, бо автомашинаи Onix қадрдонӣ гардид. Раёсати кишоварзии вилоят ҷойи дуюмро гирифта, соҳиби автомашинаи Cobalt шуд. Ҷойи сеюм ва автомашинаҳои Damas насиби Донишгоҳи давлатии Урганҷ, филиали хоразмии «UzAuto Motors» ва Раёсати роҳҳои автомобилии вилоят гардиданд.
— Харбузаи Хоразм имрӯз на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ, балки рамзи равшани меҳмоннавозии мардуми воҳа, фарҳанги баланди деҳқонӣ ва анъанаҳои чандинасраи он гардидааст, — мегӯяд ҳокими шаҳри Хива Темур Давлетов. — Меҳмононе, ки аз шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон ба ин ҷо омада буданд, аз харбузаҳои навъҳои гурвак ва дигар навъҳои хоси Хоразм, ки ҳамчун рамзи харбузапарварии воҳа дар павилйонҳои намоишгоҳ гузошта шуда буданд, чашиданд ва ба таъми нотакрор ва ширинии харбузаҳои мо баҳои воқеӣ доданд.
Бешубҳа, ин фестивал, ки дар рушди иқтидори сайёҳии вилояти Хоразм нақши муҳим дорад, сол ба сол доираи васеътар пайдо карда, шуҳрати он дар саросари ҷаҳон бештар хоҳад шуд.Дар рӯзҳое, ки дар кишвари мо аллакай омодагӣ ба таҷлилҳои ҷашни истиқлол оғоз гардидааст, баргузории чунин фестивал боз як далели равшани татбиқи ғояи неки «Як Ватан, як халқ шуда, зиндагии нав ва ояндаро бунёд мекунем!» мебошад.
Хабари хуши дигар ин аст, ки фестивали «Ҷашнвораи харбуза — 2026» ҳамчун фестивале, ки дар он шумораи бештари одамон харбуза чашидаанд, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес сертификати тасдиқкунандаи ин дастовардро дар маросими тантанавӣ ба ҳокими вилояти Хоразм супорид.
Одилбек ОДАМБОЕВ, «Халқ сўзи»