Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири нави Олмонро қабул кард

11 август вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ӯзбекистон Маттиас Фоллертро қабул кард.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Олмон ҳамчун яке аз шарикони боэътимод ва санҷидашудаи Ӯзбекистон дар Аврупо арзёбӣ мешавад. Дар солҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистону Олмон ба шарофати сафарҳои сатҳи олӣ ва муколамаи мунтазами сиёсӣ пайваста рушд мекунанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ намуда, аҳамияти татбиқи саривақтӣ ва босифати созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомадаро таъкид карданд.

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ ба сафир дар фаъолияти масъулиятнок ва пуршарафи дипломатӣ дар Ӯзбекистон комёбиҳои бузург орзу намуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: