Барои зуд шифо ёфтани захмҳо
Тухми турб хусусияти хуби нест кардани микробҳоро дорад. Тухми турбро дар ҳован майда карда, ба шакли хока меоранд ва камтар об омехта мекунанд. Ин омехта барои зудтар шифо ёфтани захм ва ҷароҳат, ки оҳиста хуб мешаванд, кӯмак мерасонад.
Ҳангоми суст шудани ҷигар
Дар баъзе ҳолатҳо, инсон ба тартиби дурусти ғизохӯрӣ риоя намекунад ва намудҳои гуногуни хӯрокҳои равғаниро беш аз меъёр истеъмол менамояд. Дар натиҷа, дар бофтаҳои ҷигар равған ҷамъ мешавад, ки ин фаъолияти ин узвро заиф менамояд.
Барои табобати сустии ҷигар, заъфарон, донаи анор ва мавизро якҷо хоида хӯрдан муфид аст.
Барои мустаҳкам кардани ҷигар
Ҳар рӯз истеъмол намудани 3,5 грамм зира ҷигарро мустаҳкам мекунад.
Барои тоза кардани ҷигар
Пудина (ҳулбӯ) барои ҷигар фоидаовар буда, ин узвро тоза мекунад.
Барои кушодани бандшавии ҷигар
Шираи қоқу маҳкамшавии роҳҳои ҷигарро мекушояд ва ҳамчун доруи пешоброн ва нармкунанда низ истифода мешавад.
Ҳангоми бемориҳои ҷигар
Шифокорон ба гирифторони бемориҳои ҷигар тавсия медиҳанд, ки 1 кг асалро бо 1 кг қоти сиёҳ (смородинаи сиёҳ) омехта, ҳар рӯз ним соат пеш аз хӯрок 1 қошуқи калон истеъмол намоянд. Ин табобат бояд то тамом шудани омехта идома ёбад.
Ҳангоми илтиҳоби ҷигар
Дар ҳолати илтиҳоби ҷигар, 30 грамм тамашк (малина)-ро дар 200 мл об дам дода, аз он 1-қошуқӣ се маҳал дар як рӯз нӯшида мешавад.
Ҳангоми саръ (эпилепсия)
Агар ҳазориспандро майда карда бихӯранд, барои ҳолатҳои саръ, ларзиш, эпилепсия, парешонхотирӣ ва дигар бемориҳои сару асаб, ки ба мизоҷи сард марбутанд, фоида дорад.
Ҳангоми илтиҳоби узвҳои ҷинсӣ
Дар ҳолати илтиҳоби узвҳои ҷинсӣ, барои мустаҳкам кардани рагҳои хун (вена ва артерия), шарбати сабзӣ ва ҷаъфарӣ (петрушка)-ро омехта намуда, ҳангоми тановули таом 1 қошуқӣ се маҳал нӯшидан фоидаовар мебошад.
Ҳангоми заъфи ҷинсӣ
Дар ҳолати заъфи ҷинсӣ ва ҳар гуна беназмӣ, тамашк (малина) ва тухми нилуфарро ба миқдори 100 граммӣ омехта, 1 қошуқчагӣ се маротиба дар як рӯз истеъмол мекунанд.
(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.