Боғчаи замонавӣ дар деҳаи Чорбоғкент

Деҳаи Чорбоғкенти ноҳияи Вобканд дар самти ҷанубии он воқеъ гардидааст. Аз сабаби дар ҳудуд мавҷуд набудани муассисаи таълими томактабӣ мардум то қарибӣ фарзандони худро ба боғчаҳои деҳаҳои гирду атроф мебурданд.

 

Ниҳоят орзуи деринаи чорбоғкентиён ҷомаи амал пӯшид. Дар доираи Лоиҳаи «Боғчаи ман» дар ин ҷо кӯдакистони замонавии давлатӣ барои 120 нафар бунёд гардид. Дар кӯдакистон, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президент аз 24 декабри соли 2024 «Дар бораи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2025-2027» қад афрохт,  зиёда аз 30 нафар сокинони ҳудуд соҳиби кори доимӣ шуданд. Бояд гуфт, ки дар арафаи 35-солагии истиқлоли давлатии Ӯзбекистон ин барои аҳли деҳа инъоми бузург гардид.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: