Марҳилаи нави рушди индустрияи сохтмон: аз дастовард то мушкилот

Алҳол мамлакатамон ба маънои воқеӣ ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтааст.

Дар пеши назарамон қад афрохтани иморатҳои бисёрошёна, хонаю ҷой, манзилҳои замонавӣ, маҷмӯъҳои истеҳсоливу хидматрасонӣ, шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ, роҳҳои ҳамвор, муассисаҳои таълиму тарбия, ҳифзи тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш, боғу хиёбонҳои дилкаш, инчунин, пурҷозиба ва хушнамуд шудани шаҳру деҳотамон ба воқеаи маълумии рӯзгорамон табдил ёфтааст.Чун дар тамоми мамлакат ҳоло сохтмону бинокорӣ соҳаи пуриқтидор ва салоҳиятноки шабакаи иқтисодии вилояти Бухоро низ мебошад. Бояд таъкид намуд, ки тӯли нӯҳ соли охир зиёда аз 750-то хонаю ҷойи дорои беш аз 25 ҳазор манзил сохта шуд. Чун давоми ин кори хайр дар ноҳияҳои Қарокӯлу Ғиждувон ва Бухоро мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» бунёд мегардад. Маркази маъмурии вилоятӣ, маҷмӯи «Бухоро сити», Аэропорти байналмилалии Бухоро, кампуси нави Донишгоҳи давлатии Бухоро,  Иттиҳодияи тиббии Ғиждувон, мактаби ихтисосонидашудаи Рометан ва ғайра қад меафрозад. Дар соҳа стандартҳои «сабз» – технологияҳои нави сарфакунандаи энергия васеъ татбиқ мегардад. Ба ибораи дигар, дар мамлакатамон марҳилаи нави рушди индустрияи сохтмон амал мекунад.

– Дар вилоят вазъи корҳо оид ба сохтмонҳои ғайриқонунӣ чӣ гуна аст? – рӯ овардем ба ҷонишини роҳбари Сарраёсати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаю ҷойи вилоят, сармеъмори вилоят Дилшод Рашидов.

– Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Девони Вазирон аз 28 марти соли 2025 «Дар бораи чораҳои ҷорӣ кардани механизми нави назорати меъмории давлатӣ»  соли 2026 дар ҳудуди вилоят кормандони назорати давлатии меъморӣ якҷоя бо меъморони ҳудудҳо ба ҷойҳои дахлдор рафта, бо соҳибони мулк оид ба ғайриқонунӣ ва хилофи қоидаҳои шаҳрсозӣ худсарона сохта шудани объекту иморатҳо далолатномаҳо таҳия карданд ва мувофиқи тартиби муайян ба онҳо оиди бартарафкунии ин сохтмонҳои беҳуҷҷат огоҳномаҳо супориданд. То ҳол ба 110 соҳибони мулк баённомаҳои маъмурӣ ирсол гардид. Ғайр аз ин, аз ҷониби вакилони ҳудудӣ қариб 60-то объектҳои ғайриқонунӣ муайян гардида, дар натиҷаи огоҳсозӣ онҳо бартараф карда шуданд ва барои вайрон кардани 23-то объект ба судҳо ариза-даъво ворид карда шуд.

Дар асоси маълумоти «Ӯзкосмос» ҷараёни омӯхтани 640-то объектҳо сурат гирифт ва нисбати қонуншиканиҳо чораҳои зарурӣ андешида шуд.

– Соҳибқирон Амир Темур гуфтааст, ки «Агар иқтидори моро донистан хоҳӣ, ба иморатҳои сохтаи мо назар кун», – афзуд Д. Рашидов. – Бунёдкориҳои гӯшаву канори вилоят ифодагари муҳими тараққиёт аз иқтидори имрӯзаи диёр мебошанд. Соли 2026 дар соҳаи сохтмони  вилоят мувофиқи барномаҳои пешбинишуда сохтани 1000-то объект бо арзиши умумии 3 триллиону 279 миллиард сӯм дар назар аст.

Аз ҷумла, мувофиқи қарори Президент (ҚП-393) ҷараёни сохтмони 110-то объект идома дорад ва барои ин 1 триллиону 194,7 миллиард сӯм харҷ мегардад. Инчунин, дар мавсими якуми «Буҷаи ташаббуснок» барои 110-то объект 170,8 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Дар асоси қарори 300-уми Девони Вазирон барои 89-то объект 497,3 миллиард сӯм маблағ харҷ хоҳад шуд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ дар доираи Барномаи «Маҳаллаи шароиташ вазнин» барои 101 объект 108 миллиард сӯм, дар доираи Барномаи «Ноҳияи шароиташ вазнин» барои 71-то объект 180 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Оид ба Барномаи «Маҳаллаи дорои симои Ӯзбекистони Нав» ба 172 объект 175 миллиард сӯм, оид ба барномаи «Ноҳияи дорои симои Ӯзбекистони Нав» барои 41-то объект 130 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.

Мувофиқи барномаи бо манзил таъмин кардани аҳолӣ дар вилоят 128-то ҳавлӣ, 7010 хонадон, дар 421 ҳазор метри мураббаъ сохтани иморатҳои бисёрошёна ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 50 ҳавлӣ, 2811 адад хонадон, 199 ҳазору 796 метри мураббаъ майдон ба истифода  супорида шудааст. Аз ҷумла дар мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» 27 ҳавлӣ, 1680 хонадон бунёд хоҳад шуд. Барои 27-то ҳавлӣ лоиҳа-сметаҳои музояда, ART, хулосаҳои шӯрои шаҳрсозӣ, экспертиза таҳия шудааст. То ҳол 41 ҳавлӣ, 2353 хонадон, 169 ҳазор 720 метри мураббаъ майдон ба истифода супорида шудааст, ки ин ба 60 фоизи нақша рост меояд.

Солҳои охир маҳаллаи «Гулчорбоғ»-и шаҳри Бухоро низ ба маскани бунёдкориҳои таърихӣ табдил ёфт. Ба туфайли салоҳияти соҳа маркази маъмурии вилоят дар муддати кӯтоҳ қад боло карда, бинои нави ҳокимияти вилоят ва як қатор иморатҳои гирду атрофи он ба фаъолият оғоз намуд. Биноҳои маъмурии ин ҷо ва гирду атрофи он, аз ҷумла объектҳои маркази мадании сайёҳӣ ва хидматрасонӣ, толори намоишҳо ба ҳусни шаҳри бостонӣ шукӯҳи нав мебахшанд. Бухорои шариф чун яке аз марказҳои тамаддун сайёҳони рӯи оламро аз ҳарвақта дида бештар қабул мекунад. Иқтидори вай сол то сол болотар меравад.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: