Ҷасади ҳашт шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар Тотористон ҷон бохтаанд, ба ватанашон баргардонида шуданд

  • Ҷасади ҳашт шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар Тотористон ҷон бохтаанд, ба ватанашон баргардонида шуданд

Тавре қаблан хабар дода шуд, 10 августи соли 2026 ба як қатор иншооти воқеъ дар шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) ҳамла сурат гирифт.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 8 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар як корхонаи сохтмонӣ дар Нижнекамск кор мекарданд, ба ҳалокат расиданд. Чанд нафари дигари ҳамватанони мо низ ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Дар доираи фаъолияти он Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ, Агентии муҳоҷират ва дигар ниҳодҳои масъул барои ба ватан овардани ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида, расонидани кумак ба осебдидагон ва дастгирии аъзои оилаҳои онҳо чораҳои зарурӣ андешиданд.

Аз ҷумла, бо мақсади расонидани кумаки зарурӣ ба шаҳрвандони Ӯзбекистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Федератсияи Русия Б. Асадов ва Консули генералии Ӯзбекистон дар Қазон Н. Қосимов фавран ба маҳалли ҳодиса рафта, бо намояндагони мақомоти масъули маҳаллӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар натиҷа, 12 август ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида тавассути рейси махсус ба Ӯзбекистон баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон якҷо бо ҷониби Русия ҳамаи масъалаҳои марбут ба ин ҳодиса, аз ҷумла расонидани кумак ба шаҳрвандони осебдидаро таҳти назорат қарор додааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: