Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст!

Расму анъанаҳои миллӣ хоҳ куҳан бошанд, хоҳ нав, мероси маънавии ин ва ё он халқ маҳсуб меёбанд. Ҷашну сурҳои мардумӣ низ як қисми таркибии ин русуми миллӣ ба шумор рафта, дар ҳаёту маишати онҳо аҳамияти муҳим касб мекунанд. Тӯли 70 соли ҳукмронии шӯроҳо бисёр расму анъанаҳо, ҷашнҳои миллӣ аз байн рафта, чандин маъракаҳои барои мо наву бегона ба ҳаёти ҷомеа ворид шуданд. Шукр, ки баъди ба даст овардани истиқлол дар кишварамон анъанаҳои фаромӯшшудаи миллӣ эҳё гардиданд.

Дар асл, мо бояд баробари ҳифз намудани анъанаҳои куҳану пурарзиши миллӣ, анъанаҳои неку навро, ки ба ҳаёти ҷомеа ворид шудаанд, низ қадр кунем. Зеро баробари тараққӣ кардани ҷомеа расму анъанот низ рушд мекунанд...

Дар гузашта ҷашнҳоро аслан ба ду қисмат: ҷашнҳои миллӣ (Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада) ва идҳои динӣ (Рамазон, Қурбон) ҷудо мекарданд. Дар даврони нав дар ҳаёти мардуми мо боз ҷашнҳои миллии нав ба монанди Истиқлол, солгарди Сарқонуни мамлакат ва ғайра ворид шуданд, ки низ мутантан таҷлил мегарданд.

Дар даврони истиқлол дар бисёр минтақаҳои кӯҳӣ ва гузару деҳот баргузории маъракаҳо бо номҳои «Амри маъруф» (мавъиза), «Ақиқа» роиҷ шуданд, ки дар даврони пешин низ вуҷуд доштанд. Онҳо сол то сол хусусияти анъанавӣ ва оммавӣ касб мекунанд. Чунин маъракаҳо айни ҳол дар ноҳияҳои Сариосиёву Узун, Деҳнаву Олтинсойи вилояти Сурхондарёи мо бештар гузаронида мешаванд.

Олими диншинос, муаллифи чандин китоб Ҳоҷӣ Муҳаммади Шоҳмуродзода, мегӯяд, ки:

– Ибораҳои «тӯйи муллоӣ», «тӯйи динӣ», ёхуд «амри маъруф» мантиқан ғалатанд. Беҳтар аст истилоҳи («хатносур») ё «сур» истифода шавад. Дар онҳо бо маслиҳати соҳибтӯйҳо, муллоҳои деҳа, ёхуд саркорону пирон метавон амри маъруф (мавъиза)-ро низ созмон дод. 

Мо барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала бо тоифаи гуногуни мардум суҳбат оростем ва бояд эътироф намуд, ки фикрҳо дар ин бобат мухталифанд: ҷавонон бештар тӯйҳои замонавиро, ки бо суруду таронаҳои шӯх ва рақсҳои милливу ғайримиллӣ мегузаранд, дӯст медоранд, намояндагони дин бошанд, аксар тӯйҳоеро, ки бо мавъиза мегузаранд, меписанданд. Инак, фишурдаи баъзе аз андешаҳоро  манзури шумо, рӯзномахонон менамоем:

Муҳаммадрӯзӣ ҒАНИЗОД:

сокини маҳаллаи «Халқобод»-и ноҳияи Олтинсой:

 

– Ҳар як ҷомеа дар се поя: имон, фарҳанг ва хирад устувор аст. Агар яке аз ин се заиф гардад, ҷомеа ё ба таассуб рӯ меорад ва ё аз решаҳои худ канда мешавад.

Имрӯз дар ҷомеаи мо баҳс перомуни тарзи баргузории тӯй, маърака ва расму ойинҳо зиёд аст. Гурӯҳе ҳамаи онҳоро ҳифз кардан мехоҳанд, гурӯҳи дигар, баръакс, ҳамаашро рад мекунанд. Роҳи дуруст кадом аст?

Қуръони Карим инсонро ба тафаккур, тадаббур ва истифода аз ақл даъват мекунад. Ин даъват собит менамояд, ки Ислом танҳо ба шунидан не, балки ба андешидан низ аҳамият медиҳад.

Ҳар урфу одатро бояд бино ба меъёри Қуръон, суннатҳои саҳеҳ, ақл ва маърифат санҷид ва истифода бурд. Он чи мардумро ба меҳрубонӣ, ваҳдат, ҳамҷиҳатӣ ва ахлоқи нек ҳидоят мекунад, сазовори ҳифз аст ва он чи ба исрофгарӣ, худнамоӣ ва озори мардум мекашонад, шоистаи ислоҳ мебошад.

Дар байни тоҷикон расму ойинҳое мавҷуданд, ки асрҳо василаи ҳамбастагии мардум будаанд. Аз ҷумла «Оши дарвешон», ҷамъ омадани аҳли маҳалла барои дуъои хайр, эҳтироми пиронсолон, ёрӣ ба муҳтоҷон, Наврӯз, Меҳргон ва дигар анъанаҳои иҷтимоӣ дар тӯли таърих нақши фарҳангӣ ва иҷтимоии худро доштаанд. Арзёбии онҳо бояд бо инсоф ва далел сурат гирад, на бо эҳсос.

Айни замон, агар дар баъзе аз ин маросим унсурҳое, ки бо ахлоқи исломӣ, адолат ё парҳез аз исроф мувофиқат надоранд, ворид шуда бошанд, роҳи ҳикмат он аст, ки он нуқсонҳо ислоҳ шаванд.

Баъзан минбар дар баъзе маъракаҳо ба ҷойгоҳи ҳукм табдил меёбад. Аммо минбар, пеш аз ҳама, бояд мактаби ҳикмат бошад. Мавъиза вақте самар медиҳад, ки шунавандаро ба тафаккур, ахлоқи нек ва муҳаббат ба ҳақиқат раҳнамун созад. Агар барои пурсиш, андеша ва гуфтугӯи солим ҷой намонад, хатари тақлиди бидуни андеша пайдо мешавад.

 

Ёқуби НАСРУЛЛО,

нафақахӯр, сокини маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Тирмиз:

 

– Мардуми диёри мо аз қадимулайём кӯшиш мекарданд, лаҳзаҳои  хотирмони ҳаёти худ – аз таваллуди кӯдакон то издивоҷи фарзандон ва дигар рӯйдодҳои фараҳбахшро дар ҳалқаи пайвандон, дӯстон ва ҳамсоягон гузаронанд. Ин анъана дар хонадонҳои мо то ҳол идома дорад. Маъракаҳое, ки дар онҳо хони неъмат густурда мешавад, садои дилнишини таронаҳои «Шашмақом» танин меандозад ва аҳли донишу маърифат бо тиловати «Қуръон», шарҳи аҳодиси набавӣ ва панду андарзҳо ба онҳо файз мебахшанд, симои хоси фарҳанги куҳани моро таҷассум месозанд.

Ҳамчунин, ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқии ин ҷамъомадҳоро наметавон нодида гирифт. Вақте дар маҳфил ояҳои «Қуръон» тиловат мешаванд ва суханварон дар боби тарбияи фарзанд, силаи раҳм, эҳтироми волидайн, касби рӯзии ҳалол, покиву покдоманӣ суҳбат мекунанд, он  ба як мактаби маънавӣ табдил меёбад. Истимоъи таронаҳои пандомӯзи суннатӣ низ ба ин фазо таровати хос бахшида, завқи бадеии ҳозиринро сайқал медиҳад. Оғози қадамҳои нахустини кӯдак, зиндагии пурбаракоти навхонадоронро дуоҳои пирони рӯзгордида чароғи ҳидоят мегардад.

Ҳар бор, ки ба ватани бобоӣ – деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиё меравам, шоҳиди чунин тӯйҳои сурурбахш мешавам. Аз он, ки дар диёри мо суннати ниёгон пос дошта мешавад, хушам меояд. Дар Хуфар муллоҳои босавод зиёданд, онҳо бо мавъизаҳои пурмаъниашон, халқро ба роҳи дурусту нек ва хайру савоб ҳидоят мекунанд, ки ин албатта, аз манфиат холӣ нест…

 

Амруллоҳ РАҲматов,

ёвари ҳоким дар маҳаллаи Каршии ноҳияи Сариосиё:

 

–Тӯй дар фарҳанги мардуми мо танҳо як маросими хонаводагӣ нест, балки ойинаи фарҳанг, ахлоқ, эътиқод ва ҷаҳонбинии ҷомеа мебошад. Вақте тӯй дар пояи арзишҳои динӣ баргузор мегардад, он метавонад ба мактаби тарбият ва василаи таҳкими муҳаббати миёни инсонҳо табдил ёбад. Аммо дар баробари ин, агар фаҳмиши дурусту ростини динӣ ҷойи худро ба хурофот, таассуб ё худнамоӣ диҳад, ҳамин тӯй метавонад боиси мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гардад.

Яке аз муҳимтарин афзалиятҳои тӯйҳои динӣ содагӣ, баракат ва дурӣ аз хароҷоти зиёду исрофгарӣ мебошад. Дини ислом ҳамеша ба парҳез аз зиёдаравӣ даъват мекунад. Оилае, ки зиндагии худро бо ризояти Худованд ва нияти нек оғоз мекунад, барои бунёди муҳити орому пурмеҳр ва устувор имкони бештаре дорад. Дар чунин тӯйҳо эҳтироми падару модар, дуои бузургсолон, риояи одоби исломӣ ва покии муносибатҳо ҷойгоҳи хос пайдо мекунанд.

Тӯйҳои динӣ инчунин метавонанд барои ҷавонон дарси ахлоқ ва масъулиятшиносӣ бошанд. Агар дар онҳо ба ҷойи худнамоӣ ва рақобати молӣ аз муҳаббат, инсондӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва масъулияти оиладорӣ сухан равад, чунин маросим бидуни шубҳа, ба рушди маънавии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Бо вуҷуди ин, баъзе мушкилот низ ба назар мерасанд. Дар баъзе мавридҳо бо номи «тӯйи динӣ» расму ойинҳое анҷом дода мешаванд, ки на асоси шаръӣ доранд ва на манфиати иҷтимоӣ. Гоҳе маҳдудиятҳои беасос, таассуб, ихтилофҳои мазҳабӣ ё муносибатҳои тундравона фазои шодии тӯйро коста месозанд.

Мушкили дигар истифодаи нодурусти номи дин барои таҳмил кардани баъзе русум аст. Баъзан хароҷоти зиёдатӣ, тақдими ҳадяҳои гаронбаҳо ё одатҳои маҳаллӣ ҳамчун «талаби дин» муаррифӣ мешаванд, дар ҳоле ки онҳо бештар аз урфу одатҳои мардум сарчашма мегиранд. Ин ҳолат метавонад ҷавононро аз издивоҷ дур созад ва барои оилаҳо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ба вуҷуд оварад.

Дар маҳаллае, ки ман кор мекунам, аксари сокинон имрӯз ба баргузории тӯйҳои замонавӣ, сода ва камхарҷ рӯ овардаанд.

Аз ҷониби дигар, бояд дарк намуд, ки шодмонӣ ва хурсандӣ бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳеч гуна мухолифате бо дин надоранд. Ислом ҳаргиз ба хушҳолии ҳалол муқобил нест, балки исроф, такаббур, худнамоӣ ва амалҳои хилофи ахлоқро маҳкум мекунад.

Хулоса, тӯйҳои динӣ замоне арзишманд хоҳанд буд, ки бар пояи маърифати дуруст, ахлоқи нек, эҳтироми инсон ва осонгирӣ баргузор шаванд. Ҷомеаи имрӯз ба тӯйҳое ниёз дорад, ки на майдони рақобати сарват, балки саҳнаи муҳаббат, баракат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати хонаводагӣ бошанд. Агар мо рӯҳи аслии таълимоти динро дуруст дарк намоем, тӯй метавонад оғози зиндагии пурсаодат ва ҷомеаи солим гардад, на сабаби қарздорӣ, ихтилоф ва мушкилоти иқтисодии оилаҳо…

Тавре мебинем, фикрҳо дар бобати тӯю сур гуногунанд. Дар ин масъала қабл аз ҳама бояд қарору фармонҳои ҳукумат дар бораи бо тартиб гузаронидани тӯю маъракаҳо ба эътибор гирифта шаванд ва қатъиян риоя гарданд. Ба ҳамагон аён аст, ки тайи чанд соли охир барои ба танзим даровардани маъракаҳо аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор қарору фармоишҳо ба имзо расиданд. Мо бояд моҳияти аслии он қарору фармоишҳоро ба мардум бифаҳмонем. Зеро дар он меъёрҳои ҳуҷҷатӣ қонуну қавоиди аҳкоми шариат низ ба назар гирифта шудаанд. Ин нукта мусаллам аст, ки ба дараҷаи ифрот расонидани ҳама чиз  оқибати хуш надорад.

Яъне:

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,

Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

Суҳбаторо:

Олим ПАНҶИЗОДА, хабарнигори

 «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: