Ба муносибати 35-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Қашқадарё корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза мегиранд. Биноҳои нави истиқоматӣ ва маъмурӣ, мактабу кӯдакистонҳо ва коргоҳҳои замонавӣ бунёд мешаванд. Дар саросари вилоят «40 рӯзи зарбдор» эълон гардида, дар маҳаллаҳо корҳои ободонӣ ва созандагӣ босуръат идома доранд.
Дар баробари ин, роҳҳои дохилӣ таъмир шуда, масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ҳаллу фасл ва инфрасохтори шаҳру деҳот навсозӣ мегардад. Ҳамаи ин ба беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони маҳаллаҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар пасманзари чунин иқдомҳои созандагӣ, бо суръати баланд идома ёфтани сохтмони шоҳроҳи Деҳқонобод – Ғузор низ боиси хушнудист. Ин қитъа яке аз қисматҳои таъмирталаби магистрали «М-39» ба шумор меравад, ки аз як тараф шаҳри Тирмиз ва аз ҷониби дигар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Тошкандро бо ҳам мепайвандад.
Қитъаи мазкур 60 километр дарозӣ дошта, солҳои охир ба дараҷаи зиёд фарсуда шуда буд. Дар натиҷа, ронандагону мусофирон ҳангоми ҳаракат дар ин роҳ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешуданд.
Бо мақсади ба як роҳи замонавию ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ табдил додани ин қитъаи муҳими нақлиётӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрели соли 2024 Қарори №158-ро ба имзо расонд. Дар асоси ин қарор лоиҳаи мукаммали сохтмони шоҳроҳи Деҳқонобод–Ғузор таҳия гардида, татбиқи он ба яке аз самтҳои муҳими соҳаи роҳсозӣ табдил ёфт.
Лоиҳа бо маблағгузории Бонки рушди исломӣ ва Хазинаи ОПЕК амалӣ шуда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати чинии «CRBC» анҷом дода мешаванд. Сохтмони шоҳроҳ ба чор қитъа тақсим гардида, дар ҳар кадоми онҳо корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд идома доранд.
Шоҳроҳи нав аз ҳудуди нӯҳ деҳаи хурду бузург мегузарад. Бунёди он на танҳо ҳаракати нақлиётро осон мекунад, балки ба рушди иқтисодию иҷтимоии маҳалҳо низ таъсири мусбат мерасонад. Қарор аст дар канори роҳ иншооти хидматрасонӣ ва маишӣ, тарабхонаҳо ва чойхонаҳои миллӣ сохта шаванд. Ин ҳама барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Айни замон маҳалли сохтмони шоҳроҳ ба як коргоҳи бузурги роҳсозӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо 230 адад техникаи махсус шабонарӯзӣ фаъолият дошта, 513 нафар мутахассисони соҳа ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шудаанд.
Тибқи лоиҳа, қабати роҳ бо истифода аз оҳану бетон сохта мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, чунин тарзи сохтмон ба роҳ имкон медиҳад, ки ба фишори мошинҳои вазнин тоб оварда, муддати дароз мавриди истифода қарор гирад.
Дар доираи лоиҳа сохтмони 7 пули замонавӣ, 2 гузаргоҳи зеризаминӣ, 6 гузаргоҳи пиёдагардон ва 13 гузаргоҳ барои убури чорво пешбинӣ шудааст. Роҳи мавҷудаи дуқатораи ҳаракат ба шоҳроҳи чортақора табдил дода мешавад. Бешубҳа, ин иқдом барои танзими ҳаракати нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва коҳиш додани мушкилоти роҳгузарон мусоидат хоҳад кард.
Шоҳроҳи Деҳқонобод – Ғузор бахше аз магистрали байналмилалии Тирмиз – Тошканд – Алмаато ба ҳисоб меравад. Тибқи нақша, сохтмони он бояд соли 2029 ба анҷом расида, мавриди истифодаи умум қарор гирад. Бо вуҷуди ин, роҳсозон талош доранд корҳои сохтмониро пеш аз муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонанд, то ронандагону мусофирон ҳарчи зудтар аз роҳу шароити замонавӣ баҳра бардоранд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.