Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо нишондод ва машварати бевоситаи ҳукуматҳои маҳаллӣ бошандагони деҳот ҳар ваҷаби заминҳои наздиҳавлигии худро ба нафъи оила истифода карда, аз он даромади иловагие ба даст меоранд. Агар қаблан бо кишти маҳсулоти маъмулии деҳқонӣ чун пиёзу картошка, сабзиву помидор ва дигар анвои маҳсулоти полезӣ иктифо кунанд, ҳоло иловатан ба кишту кори навъҳои боз ҳам сердаромади маҳсулот сари кор мегиранд.
Масалан, аҳолии ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё усули нави соҳиб шудан ба даромади иловагӣ аз заминҳои наздиҳавлигиро барномаи зиндагии худ кардаанд. Дар хонадонҳои мавзеи Чими ин ноҳия парвариши гули хайрӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Гули хайрӣ хусусияти фаровони шифобахшӣ дошта, дар хориҷи кишвар харидорони зиёде дорад ва дар соҳаи дорусозӣ истифода мешавад. Ин аст, ки сокинони мавзеъ бештар дар заминҳои худ гули хайрӣ парвариш карда, ба буҷаи оилаи худ даромади изофӣ меоранд. Коргоҳҳои махсус ҳар килои ин гулро дар ивази 95 ҳазор сӯм харидорӣ мекунанд. Бошандагони мавзеи Чим аз ҳар сотихи замини худ зиёдтар аз 150 килограмм ҳосили гули хайрӣ рӯёнида, ба ободии рӯзгори худ сарф месозанд. Парвариши ин навъи маҳсулот хидмату хараҷоти зиёд талаб намекунад ва махсусан, барои бо кор банд гаштани занони хонашин имконияти хуб маҳсуб меёбад.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.