Санаи баргузории «World Boxing Cup Finals 2026» дар Тошканд тағйир ёфт

Санаи баргузории мусобиқаи «World Boxing Cup Finals 2026» тағйир дода шуд. Дар ин бора Федератсияи бокси Ӯзбекистон хабар дод.

Тибқи иттилои федератсия, созмони «World Boxing» ба муҳлати баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс, ки соли 2026 мизбониашро шаҳри Тошканд ба уҳда дорад, тағйир ворид кардааст.
Қаблан баргузории мусобиқа аз 25 ноябр то 2 декабри соли 2026 ба нақша гирифта шуда буд. Тибқи тақвими нав, Ҷоми ҷаҳон аз 26 ноябр то 4 декабр идома хоҳад кард.
Дар ин мусобиқа беҳтарин муштзанҳои ҷаҳон иштирок мекунанд. Ҳуқуқи мизбонии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ба Ӯзбекистон дода шудааст ва мусобиқа дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Ба иттилои «World Boxing», тағйири санаи мусобиқа ба хотири ҳамоҳангсозии тақвими мусобиқаҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: