Роҳҳои пулакӣ: вазъият дар Осиёи Марказӣ ва Русия чӣ гуна аст?

Солҳои охир дар Ӯзбекистон масъалаи сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои пулакӣ ба яке аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табдил ёфтааст. То имрӯз дар кишвар чунин роҳҳо амал намекарданд ва пардохт барои истифодаи роҳҳо барои бисёре аз шаҳрвандон мафҳуми нав ба шумор меравад.

 Ҳол он ки дар ҷаҳон таҷрибаи истифодаи роҳҳои пулакӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳоло дар қариб 100 кишвари ҷаҳон тақрибан 1700 роҳи пулакӣ фаъолият мекунад. Таҷрибаи сохтмони чунин роҳҳо ҳатто дар Англия аз асри XIV маълум аст.

Дар солҳои охир дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои пулакии Тошканд–Самарқанд ва Тошканд–Андиҷон таҳия шуда, корҳои амалӣ дар ин самт оғоз гардидаанд. Инчунин интизор меравад, ки дар ояндаи наздик роҳи пулакии Урганҷ–Хива ба истифода дода шавад. Лоиҳаи роҳи пулакии Тошканд–Чорвоқ низ дар ҳоли омодасозӣ қарор дорад. Пешбинӣ мешавад, ки дар 4–5 соли оянда дар кишвар тақрибан 1000 километр роҳи пулакӣ бунёд гардад.

Аммо Ӯзбекистон дар ин масъала пешсафи минтақа нест. Таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия нишон медиҳад, ки низоми роҳҳои пулакӣ вобаста ба шароити иқтисодӣ, инфрасохтор ва сиёсати нақлиётии ҳар давлат аз ҳам фарқ мекунад.

Тоҷикистон

Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки низоми роҳҳои пулакиро ҷорӣ кардааст. Соли 2010 қисми аввали шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ пас аз таъмири пурра ба роҳи пулакӣ табдил дода шуд.

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 километр роҳи пулакӣ мавҷуд буда, он аз шаш қитъа иборат аст: Варзоб – 63 километр, Гушарӣ – 41 километр, Шаҳристон – 41 километр, Ӯротеппа – 66 километр, Деҳмой – 65 километр ва Чорух – 60 километр.

Истифодабарандагони роҳҳои пулакӣ вобаста ба навъи воситаи нақлиёт ба чор гурӯҳ ҷудо мешаванд:

- автомобилҳои сабукрав ва микроавтобусҳо барои гузаштан аз тамоми масири беш аз 300-километра тақрибан 9 доллар ва ҳангоми пардохти электронӣ тақрибан 7 доллар;
- микроавтобусҳо ва мошинҳои боркаши ду меҳвардор – 20–22 доллар;
- автобусҳои калон ва мошинҳои боркаши се меҳвардор – 50–51 доллар;
- мошинҳои хеле вазнини чор меҳвардор ва бештар – 62–64 доллар.

Хусусияти муҳими низоми Тоҷикистон дар он аст, ки роҳҳои пулакӣ роҳи алтернативии ройгон надоранд. Дар баробари ин, барои сокинони маҳаллӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди маҳалли зист имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Қазоқистон

Қазоқистон аввалин роҳи пулакии худро – Остона–Шучинскро соли 2013 ба истифода дод. Имрӯз дар кишвар 12 шоҳроҳи пулакӣ мавҷуд буда, онҳо аз 28 қитъа иборатанд. Дарозии умумии ин роҳҳо аз 6000 километр бештар аст.

Тарифҳо дар муқоиса бо Тоҷикистон нисбатан арзон мебошанд. Барои автомобилҳои сабукрав истифодаи ҳар 100 километр роҳ тақрибан 0,45–0,50 доллар арзиш дорад. Барои мошинҳои боркаши то 2,5 тонна ва микроавтобусҳо ин нишондиҳанда 1,3–3 доллар, мошинҳои боркаши то 5,5 тонна ва автобусҳои то 32-ҷойӣ 3–6 доллар, мошинҳои боркаши то 10 тонна ва автобусҳои калон 4,5–9 доллар ва барои мошинҳои боркаши зиёда аз 15 тонна 8–18 долларро ташкил медиҳад.

Баръакси Тоҷикистон, ҳамаи роҳҳои пулакии Қазоқистон роҳи алтернативии ройгон доранд. Сокинони маҳаллӣ низ метавонанд аз обунаҳои имтиёзнок истифода баранд.

Қирғизистон

Дар Қирғизистон то ҳол низоми мукаммали роҳҳои пулакӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, барои гузаштан аз баъзе нақбҳо ва роҳҳои нави даврзананда маблағ ситонида мешавад.

Яке аз муҳимтарин иншооти пулакӣ нақби Тоо-Ашуу дар роҳи Бишкек–Ӯш мебошад. Барои автомобилҳои сабукрав ҳаққи гузар тақрибан 0,60 доллар (50 сом), барои микроавтобусҳо ва мошинҳои боркаши то 5 тонна бештар аз 1 доллар, барои мошинҳои боркаши 5–12 тонна 1,7–2,8 доллар ва барои мошинҳои аз 12 тонна зиёд тақрибан 5,7 доллар муқаррар шудааст.

Туркманистон

Дар Туркманистон роҳи пулакии Ашқобод–Туркманобод ягона шоҳроҳи пулакии кишвар ба ҳисоб меравад. Дарозии он тақрибан 600 километр аст.
Барои автомобилҳои сабукрав ба ҳар километр 0,10 доллар, барои мошинҳои боркаши миёна ва автобусҳо 0,40 доллар ва барои мошинҳои боркаши калон 0,60 доллар ситонида мешавад. Илова бар ин, барои гузаштан аз баъзе пулҳо, аз ҷумла пулҳо болои Амударё, низ маблағ пардохт мешавад.

Русия

Дар Русия дарозии умумии роҳҳои пулакӣ беш аз 3600 километрро ташкил медиҳад. Аввалин роҳи пулакӣ дар кишвар соли 1999 ба истифода дода шудааст.

Ба ҳисоби миёна ҳаққи истифодаи роҳҳои пулакӣ барои ҳар 100 километр тақрибан 5–10 долларро ташкил медиҳад. Масалан, пардохт барои масири тақрибан 800-километраи Москва–Қозон 145–150 доллар ва барои роҳи Москва–Новороссийск, ки тақрибан 1500 километр дарозӣ дорад, 175–180 доллар арзёбӣ мешавад.

Дар Русия низоми электронии пардохт низ васеъ истифода мешавад. Тавассути транспондер маблағи истифодаи роҳ ба таври худкор аз ҳисоби корбар ситонида мешавад. Дар баъзе қитъаҳо бошад, камераҳо рақами давлатии автомобилро сабт мекунанд. Ҳамзамон барои аксари масирҳои пулакӣ роҳҳои алтернативии ройгон низ мавҷуданд.

Ӯзбекистон: қадами аввал дар роҳи пулакӣ

То имрӯз дар Ӯзбекистон роҳҳои пулакӣ вуҷуд надоштанд ва барои истифодаи пулҳо ё нақбҳо низ маблағи алоҳида ситонида намешавад. Аммо вазъ дар ин самт тадриҷан тағйир меёбад.

Интизор меравад, ки роҳи пулакии Урганҷ–Хива ба наздикӣ ба истифода дода шуда, аввалин роҳи пулакӣ дар кишвар гардад. Ҳамзамон сохтмони роҳи пулакии Тошканд–Самарқанд низ оғоз шудааст.

Дарозии ин роҳ 282 километр буда, арзиши лоиҳа 2,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Роҳ аз ҳудуди 13 ноҳияи вилоятҳои Тошканд, Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқанд мегузарад. Дар он 92 пул, 28 гузаргоҳи роҳ, 60 гузаргоҳи нақбмонанд, инчунин гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва иншооти обгузар бунёд хоҳанд шуд.

Роҳи мазкур аз бетони монолитӣ сохта шуда, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин ва баландсуръат пешбинӣ шудааст. Дар минтақаҳои ҳамвор суръати ҳаракат метавонад то 150 километр дар як соат расад.

Дар солҳои наздик татбиқи лоиҳаи роҳи пулакии Тошканд–Андиҷон низ дар назар аст. Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон низ тадриҷан ба низоми роҳҳои пулакӣ мегузарад. Таҷрибаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Русия нишон медиҳад, ки муваффақияти чунин лоиҳаҳо на танҳо ба сифати роҳ, балки ба арзиши хизматрасонӣ, мавҷудияти роҳҳои алтернативӣ ва имтиёзҳо барои аҳолӣ низ вобастагии зиёд дорад.

Ғайрат Йӯлдошев

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: