Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлоли мо дар натиҷаи ислоҳоту навсозӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дигаргуниҳои амиқ ба амал омаданд. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» аз 21 октябри соли 1989 буд. Ин санади таърихӣ барои рушди забони ӯзбекӣ ва таҳкими мақоми он заминаи устувор гузошт.
Дар асоси ин қонун алифбои нави лотиниасоси ӯзбекӣ ҷорӣ гардид. Ҳадаф аз ин иқдом мутобиқ намудани забон ба талаботи замон, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои истифодаи технологияҳои муосир буд. Ҳамчунин, гузариш ба алифбои лотинӣ омӯзиши дигар забонҳои лотиниасосро осонтар намуда, имкони муаррифии забони ӯзбекиро дар арсаи ҷаҳонӣ афзуд.
Яке аз мақсадҳои дигари ин ислоҳот поксозии забон аз вожаҳои бегонае буд, ки дар тӯли солҳо ба таври сунъӣ ё бар асари одат ба истифода даромада буданд. Ба ҷойи онҳо аз имкониятҳои дохилии забон, аз ҷумла шева ва ганҷинаи луғавии миллӣ, истифода бурдан пешбинӣ гардид. Зеро забон мавҷуди зинда буда, ҳамеша рушд мекунад ва бо гузашти вақт такмил меёбад.
Бо вуҷуди ин, таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки дар истифодаи алифбои нав баъзе мушкилоти имлоӣ боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, фарқ гузоштан миёни ҳарфҳои «Hh» ва «Xx» барои бисёриҳо осон нест. Дар талаффуз онҳо ба ҳам наздик садо медиҳанд, вале дар навишт маънои калимаро пурра тағйир хоҳанд дод.
Масалан, шоҳ (подшоҳ) – шох (шохи мол, шохча); меҳмон (касе, ки соҳиби хона онро пазироӣ мекунад; таклифшуда) – мехмон (мех – mix – қозиқ (ӯзб.) мон – мондан, гузоштан, яъне мехмонак); ҳилол (моҳи нав) – хилол (байни ду чиз; чӯби махсуси дандонковӣ); беҳ (афзал) – бех (реша).
Чунин намунаҳо кам нестанд. Аз ин рӯ, донистани имлои дуруст ва риоя ба меъёрҳои забон барои ҳар як соҳибқалам ва шаҳрванд муҳим мебошад.
Дар алифбои нав ҳамчунин ҳарфи таркибии «Ng» ҷой дода шудааст. Дар атрофи истифодаи он низ андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Барои мисол, калимаи «бодиринг» аз вожаҳои қадимаи форсӣ-тоҷикӣ буда, таърихи забонии худро дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми ворид намудани чунин калимаҳо ба низоми нави имло бояд ба асли онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Имрӯз дар кӯча, бозор, мағоза ва муассисаҳо ҳазорон овеза, реклама ва навиштаҷот ба назар мерасанд. Мутаассифона, қисми зиёди онҳо аз нигоҳи забон ва маъно ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ нестанд. Барои мисол, дар баъзе ҷойҳо ибораҳои «Мол ва деҳқон бозори», «лаҳм гӯшти», «омехта ем» ва монанди инҳо истифода мешаванд, ки аз нигоҳи маъно ва сохтори забонӣ саҳеҳ нестанд. Баъзе ибораҳо аз калимаҳои забонҳои гуногун таркиб ёфта, як маъноро такрор мекунанд. Масалан, «лаҳм» худ маънои «гӯшт»-ро дорад ва ибораи «лаҳм гӯшти» дар асл «гӯшти гӯшт» мешавад.
Ҳамин гуна такрори маъно дар ибораҳои дигар низ мушоҳида мешавад. Масалан, «шаби Лайлатулқадр», ки дар он калимаи арабии «лайл» худ маънои «шаб»-ро дорад. Ё «Мадинаи Мунаввара», ки бисёриҳо бе таваҷҷуҳ ба маънои аслии калимаҳо истифода мебаранд.
Дар солҳои охир истифодаи вожаҳои хориҷӣ дар номгузории мағозаҳо, марказҳои хидматрасонӣ ва молҳои тиҷоратӣ низ хеле зиёд шудааст: маркет, бренд, ремонт, кластер, татуаж, педикюр ва амсоли онҳо. Дар ҳоле ки ба ҷои қисми зиёди ин вожаҳо, метавон муодилҳои равону фаҳмои миллиро истифода бурд.
Бояд эътироф кард, ки ғанӣ гардондани таркиби луғавии забон кори муҳим аст, аммо ҳар як калимаи нав бояд аз ҷиҳати маъно, сохтор ва меъёрҳои забонӣ санҷида шавад. Забон танҳо воситаи муошират нест, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба забони модарӣ бо эҳтиром муносибат кунем, покии онро ҳифз намоем ва онро ба наслҳои оянда дар шакли солиму ноб расонем:
Забони модариам – давлати ман,
Ғуруру ифтихору қудрати ман.
Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам,
Забони ман нишону миллати ман.
Усмоналӣ Тағоев,
нафақахӯр, ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.