Дар ҷомеае, ки китоб арзиш дорад, маърифат ҷойгоҳи устувор пайдо мекунад. Мактаб натанҳо бинои таълим, балки макони ташаккули шахсият, парвариши инсони комил ва оғози роҳи зиндагии ҳар як фарзанди миллат мебошад. Аз ин рӯ, бозгашти хатмкунандагон ба мактаби азизашон пас аз ним аср на танҳо як вохӯрии хотирмон, балки намунаи равшани эҳтиром ба илму маърифат ва қадршиносии устодону мактаб аст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-уми ноҳияи Нурато чорабинии маънавию маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он хатмкунандагони нахустини соли 1976 баъди панҷоҳ сол дубора ба даргоҳи дониш қадам гузоштанд. Ин вохӯрӣ аз рӯйдодҳои одии ёдбудӣ фаротар рафта, ба як дарси бузурги тарбия барои насли наврас табдил ёфт.
Хатмкунандагони «тиллоӣ» ба муносибати панҷоҳсолагии хатми мактаб ба китобхонаи муассиса 64 нусха китобҳои баргузидаи бадеиро ба маблағи зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор сӯм тақдим намуданд. Ин иқдом собит сохт, ки беҳтарин туҳфа ба ҷавонон китоб аст, зеро китоб инсонро ба андеша, дониш ва камолот роҳнамоӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваста таъкид менамояд: «Агар тарбияи фарзанд, рушди илму маърифат ва китобхониро вазифаи умумимиллӣ қарор диҳем, ояндаи мамлакат боз ҳам дурахшон хоҳад шуд». Ин суханон имрӯз дар чунин ташаббусҳои наҷиб таҷассуми воқеӣ пайдо мекунанд.
Китобхона қалби маънавии ҳар муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар китобе, ки ба он ворид мешавад, дар асл ба рушди ҷаҳонбинии хонандагон, ташаккули фарҳанги мутолиа ва болоравии сатҳи маънавияти ҷомеа хизмат мекунад. Аз ин рӯ, тӯҳфаи хатмкунандагон танҳо як иқдоми хайрхоҳона нест, балки сармоягузорӣ ба ояндаи фарзандони миллат мебошад.
Дар солҳои охир дар Ӯзбекистон ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ таваҷҷуҳи бесобиқа зоҳир мегардад. Мактабҳои нав бунёд мешаванд, китобхонаҳо ғанӣ мегарданд, муҳити таълимӣ мутобиқ ба талаботи замон такмил меёбад. Аммо пешрафти соҳа танҳо бо дастгирии давлат маҳдуд намешавад. Иштироки фаъолонаи ҷомеа, соҳибкорон, падару модарон ва пеш аз ҳама хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ низ аҳамияти бузург дорад.
Таҷрибаи мактаби рақами 26 нишон медиҳад, ки робитаи наслҳо то чӣ андоза арзишманд аст. Хатмкунандагоне, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, бо бозгашт ба мактаб ба хонандагон паёми муҳиме расониданд: инсон ҳар қадар ба қуллаҳои баланд расад ҳам, бояд мактаби аввалини худро фаромӯш накунад. Ин гуна мулоқотҳо эҳсоси ватандӯстӣ, эҳтиром ба устод ва масъулияти шаҳрвандиро дар қалби ҷавонон таҳким мебахшанд. Барои хонандагон дидани он, ки нафароне баъди панҷоҳ сол ҳам мактаби худро азиз медоранд, беҳтарин дарси ахлоқ мебошад.
Беҳуда нест, ки мегӯянд: «Китоб – беҳтарин туҳфа ва маърифат пойдевори оянда аст». Маҳз ҳамин андеша дар маркази чорабинӣ қарор дошт. Ҳар китоби тақдимшуда метавонад зиндагии як хонандаро тағйир диҳад, ӯро ба роҳи илм, ихтироъкорӣ ва ватансозӣ ҳидоят намояд.
Вохӯрии хатмкунандагони соли 1976 дар ноҳияи Нурато рамзи садоқат ба мактаб, эҳтиром ба устод, арҷгузорӣ ба китоб ва эътимод ба фардои Ватан гардид. Агар чунин анъана дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ густариш ёбад, китобхонаҳои мактабӣ ғанитар, муҳити маънавӣ пурғановаттар ва насли наврас донишманду ватандӯсттар ба камол хоҳад расид.
Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.