Дар Қашқадарё маблағи шартномаи таҳсили 856 донишҷӯ пардохта шуд

Дар вилояти Қашқадарё бо мақсади дастгирии таҳсили фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои 856 донишҷӯ қариб 3 миллиарду 780 миллиону 600 ҳазор сӯм маблағи шартномаи таҳсил пардохт карда шуд.

Дар ин бора Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Қашқадарё хабар дод.
Таъкид мешавад, ки ин ташаббус ба муносибати 35-солагии Истиқлолият ва бо қарори ҳокими вилоят Муротҷон Азимов амалӣ мегардад.
Маблағҳои ҷудошуда ба ҷавононе, ки бинобар вазъи оилавӣ дар пардохти шартномаи таҳсил мушкилӣ доранд, барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ кумак мерасонанд.
Ин кӯмаки амалӣ инчунин ба густариши имкониятҳои таҳсилоти олии духтарону занон, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии онҳо ва таҳкими боварии ҷавонон ба оянда мусоидат хоҳад кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: