Миёни занони соҳибкори Ӯзбекистон ва Чин вохӯрии онлайн баргузор гардид.
Дар ин мулоқот намояндагони Кумитаи оила ва занони Ӯзбекистон, Палатаи занони соҳибкори Гуанси, иттиҳодияҳои соҳибкории занон ва ширкатҳои маҳаллӣ иштирок намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, маориф, технологияҳои рақамӣ ва дигар соҳаҳоро баррасӣ карда, барои татбиқилоиҳаҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки байни Палатаи занони соҳибкори Гуанси ва созмонҳои ҳамкори Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ таҳия карда шавад.
Палатаи занони соҳибкори Гуанси соли 2009 таъсис ёфта, зиёда аз 3200 ширкатро муттаҳид мекунад. Корхонаҳои он дар беш аз 20 самт фаъолият мебаранд.