Дар кластери “Ифтихор кийим саноат”-и вилояти Намангон бино ба супориши брендҳои машҳури ҷаҳон маҳсулоти дӯзандагии тайёр истеҳсол мегардад. Либосҳо ба бозорҳои давлатҳои Европа содир карда мешавад.
Дар кластер кор бино ба тамоюли “аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр” ташкил карда шуда, ҷараёни пурраи технологии расонда додани пахта, калобаву ришта, матоъ ва дигар маҳсулоти дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст. Зинаҳои якум ва дуюми лоиҳа, ки 185 миллион евро арзиш дорад, ба истифода супурда шудааст. Имрӯз дар корхона зиёда аз 2 ҳазор нафар коргар меҳнат мекунанд. Бино ба маълумоти роҳбарияти корхона, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 10 ҳазор тонна калобаву ришта истеҳсол гардида, қариб 700 ҳазор дона либосҳои мардонаву занона омода карда шудааст. Ба давлатҳои Олмон, Полша, Туркия, Миср, Хитой ва Русия, ҷамъ 10 миллион долларина маҳсулот экспорт карда шуда, ҳаҷми содирот назар ба давраи соли гузашта 50 фоиз зиёд гардид. Инчунин кластер бо беш аз 400 хоҷагиҳои фермерии ноҳияҳои Норин, Уйчи, Учқӯрғон, Мингбулоқ ва Тӯрақӯрғон шартнома баста, ашёи хоми пахтаро қабул карда истодааст.
Суратгир: Ҳ. Мамадалиев. (ӮзА).