Акнун ба кӯдак метавон номи падарро ҳамчун насаб гузошт

Ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Мувофиқи тағйироти воридшуда ба Кодекси оила, акнун ба кӯдак метавон номи падар, ё мувофиқи анъанаҳои миллӣ номи бобо аз ҷониби падар ё модарро ҳамчун насаб дод.
Пештар дар Кодекси оила додани номи падар ҳамчун насаб пешбинӣ нашуда буд.
Ҳамчунин ба Қонун «Дар бораи кори бойгонӣ» иловаҳо ворид карда шуданд, ки тибқи онҳо тартиби таъсиси бойгониҳои электронӣ ва бойгониҳои ғайридавлатӣ муайян гардид.
Барои бойгониҳои электронӣ талаботи зерин муқаррар шудааст:
– мавҷуд будани таъминоти техникӣ ва барномавӣ, воситаҳои рақамисозии ҳуҷҷатҳо, имконияти ҷустуҷӯ ва идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ, таъмини мутобиқати нусхаи электронӣ бо ҳуҷҷати аслӣ, инчунин риояи талаботи амнияти иттилоотӣ ва киберамният.
Инчунин пешбинӣ шудааст, ки барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонии ғайридавлатӣ таъсиси бойгониҳои ғайридавлатӣ иҷозат дода мешавад.
Ваколатҳои Вазорати адлия дар соҳаи кори бойгонӣ низ мушаххас муайян гардиданд.
Қонун аз рӯзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: