Мактабҳо ба соли нави таҳсил омодаанд?

  • Мактабҳо ба соли нави таҳсил омодаанд?
  • Мактабҳо ба соли нави таҳсил омодаанд?
  • Мактабҳо ба соли нави таҳсил омодаанд?

Бо наздик шудани оғози соли нави таҳсил масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ҳамеша дар маркази диққат қарор мегирад. Ин раванд танҳо таъмиру навсозии биноҳои мактабиро дар бар нагирифта, балки фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои таҳсилу тарбияи хонандагонро низ тақозо мекунад.

Дар вилояти Намангон низ ба истиқболи соли нави таҳсил корҳои омодагӣ вусъат гирифтаанд. Тибқи маълумоти хадамоти иттилоотии таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, дар бисёр муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмиру навсозӣ анҷом дода шуда, синфхонаҳо рангубор ва китобхонаҳо бо адабиёти нави замонавӣ таъмин гардидаанд. Ба муҷаҳҳазсозии синфхонаҳои фаннӣ бо таҷҳизоти зарурӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад ва ин корҳо идома доранд.

Ҳамзамон, барои таъмини тартибу интизом, ҳифзи саломатӣ ва бехатарии хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, баргузории чорабиниҳои марбут ба «Занги аввал» низ ба нақша гирифта шудааст.

Айни ҳол дар вилояти Намангон 712 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад. Дар соли нави таҳсил 7 ҳазору 838 нафар кӯдак бори нахуст ба остонаи мактаб қадам мегузорад.

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2026–2028» аз 27 декабри соли 2025, дар вилоят сохтмону таъмири 26 мактаби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла таъмири 22 муассиса ва таъмири асосии 4 мактаб, инчунин 10 муассисаи таълими томактабӣ ва як мактаби махсус барои 336 нафар пешбинӣ шудааст. Барои татбиқи ин барномаҳо 351 миллиарду 162 миллион сӯм маблағ ҷудо гардидааст.

Аз ҷумла, дар мактаби таҳсилоти умумии № 68-уми ноҳияи Янги Намангон низ корҳои сохтмону таъмир анҷом дода шуданд. Бинои мактаб ба таъмир ниёз дошт ва норасоии синфхонаҳо низ эҳсос мешуд. Дар доираи лоиҳа ғунҷоиши муассисаи таълимӣ аз 540 ба 630 ҷой расонида шуд. Барои таъмиру навсозии мактаб 7,5 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардида, муассиса бо таҷҳизоти муосир пурра таъмин карда шуд.

Дар мактаби таҳсилоти умумии № 60-уми ноҳияи Чуст низ бинои нави иловагӣ барои 210 ҷой сохта шуд. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 3 миллиард сӯм маблағ сарф гардид. Иншооти мазкурро бинокорони корхонаи хусусии «Олимжон хусусий фирмаси» бунёд намудаанд. Бинои нав барои фарзандони маҳаллаҳои Майдон ва Янгичак туҳфаи арзандаи истиқлол ба шумор меравад.

– Муассисаи навбунёд ба талаботи замонавӣ пурра ҷавобгӯ буда, барои таълиму тарбияи фарзандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Қулайиҳои муҳайёгардида ба дили ҳар яки мо хотирҷамъӣ ва ифтихор мебахшанд, – мегӯяд омӯзгори собиқадор Гулҷаҳон Имомова. – Ман дар ин мактаб беш аз 30 сол фаъолият кардам. Пештар биноҳо тангу торик буданд ва хонандагон дар ду баст таҳсил мекарданд. Синфхонаҳо зимистон сард мешуданд ва дар дигар фаслҳо низ мушкилоти зиёд вуҷуд дошт. Аз ҳама бештар шодам, ки акнун дар ин маскани замонавӣ набераҳоям таҳсил мекунанд. Бинои нав аз он ҷиҳат муҳим аст, ки барои таълиму тарбияи кӯдакон, рушди қобилияти зеҳнию эҷодии онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои донишандӯзӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳақиқат, агар корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд, хонандагон метавонанд дар муҳити муносибу бехатар ба таҳсил оғоз намоянд. Фароҳам овардани шароити хуби таълиму тарбия ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли ояндасоз мебошад.

Соли нави таҳсил барои хонандагону омӯзгорон бо рӯҳияи баланд ва шавқу завқи бештар оғоз хоҳад ёфт. Зеро ҳар як сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, пеш аз ҳама, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва кишвар аст.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: