Макун умр зоеъ ба афсӯсу ҳайф...

Вақт яке аз гаронбаҳотарин неъматҳои зиндагии инсон аст. Ҳар лаҳзае, ки сипарӣ мешавад, дигар ҳаргиз бознамегардад. Мо аксар вақт аз камии вақт шикоят мекунем, аммо худ онро дар гирдоби ташвишҳои рӯзгор ва машғулиятҳои беҳуда аз даст медиҳем. Ҳол он ки ҳар дақиқа метавонад оғози як имконият, як дастовард ё як тағйироти муҳим бошад.

Инсони оқил вақти худро ғанимат мешуморад ва онро барои корҳои судманд сарф мекунад. Яке аз беҳтарин роҳҳои истифодаи босамари вақт илмомӯзист. Илм чароғи ақл, асоси пешрафти ҷомеа ва калиди муваффақияти инсон мебошад. Ҳар шахсе, ки пайваста дониш меомӯзад, ҷаҳонбинии худро густариш дода, барои ояндаи худ заминаи устувор мегузорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ собит кардааст, ки миллатҳои донишпарвар дар рушди иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба комёбиҳои назаррас ноил мешаванд.

Бузургони илму адаб ҳамеша мардумро ба қадршиносии вақт ва истифодаи дурусти он ҳидоят кардаанд. Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» менависад:

«Ҳар нафасе, ки фурӯ меравад, мумадди ҳаёт асту чун бармеояд муфарриҳи зот. Пас, дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд аст ва бар ҳар неъмате шукре воҷиб» .

Ин суханон моро водор месозанд, ки на танҳо рӯзу соат, балки ҳар нафаси умрро ғанимат донем.

Файласуфи олмонӣ Артур Шопенгауэр низ арзиши вақтро чунин таъбир кардааст:

«Одамони одӣ дар бораи чӣ гуна гузарондани вақти худ меандешанд, одамони бузург бошанд, дар бораи чӣ гуна истифода бурдани он».

Дар Қуръони карим низ борҳо ба аҳамияти вақт ва парҳез аз амалҳои беҳуда таъкид шудааст. Муъмин бояд умри худро бо корҳои нек, ибодат, донишомӯзӣ ва хидмат ба мардум сипарӣ намояд. Зеро ҳар лаҳзаи умр неъмати илоҳист ва инсон барои он масъул аст.

Пас, биёед вақти худро ғанимат донем, ба омӯзиши илм, мутолиаи китоб ва такмили пайвастаи донишу малакаҳои худ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Зеро танҳо бо қадршиносии вақт ва илмомӯзии доимӣ метавон ба комёбиҳои бузург ноил гардид ва дар рушди ҷомеа нақши арзанда гузошт.

Намунаи барҷастаи қадршиносии вақт ҳаёти Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синост. Ӯ аз овони ҷавонӣ тамоми неруи худро ба омӯзиши илм бахшида буд. Ба гуфтаи худи донишманд:

«Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба кори дигар машғул нашудаам» .

Абӯалӣ ибни Сино то синни ҳаждаҳсолагӣ қариб тамоми донишҳои маъмули замони худро аз худ намуда, дар тӯли ҳамагӣ 57 соли умр беш аз 450 асар таълиф кардааст. Ин дастовардҳо маҳсули меҳнати пайваста ва истифодаи дурусти вақт буданд.

Воқеан, ҳар инсон дар як шабонарӯз 24 соат вақт дорад. Ин сармоя барои ҳама баробар аст, аммо натиҷаи истифодаи он яксон нест. Баъзеҳо онро ба омӯзиш, меҳнат, китобхонӣ ва такмили малакаҳои худ сарф мекунанд, гурӯҳи дигар бошад, бо танбалӣ ва машғулиятҳои бефоида онро аз даст медиҳанд. Аз ҳамин ҷост, ки сарнавишти одамон гуногун аст.

Аз ин ҷо гуфтан мумкин аст, ки вақт – ягона сарвати бебозгашт аст, ки барои ҳамаи инсонҳо баробар тақсим шудааст, аммо арзиши онро ҳар кас вобаста ба касбу кори худ ба таври гуногун эҳсос мекунад.

Барои дарки беҳтари арзиши вақт бо намояндагони касбу кори гуногун ҳамсуҳбат шудем ва аз онҳо пурсидем:

– Аз нигоҳи шумо арзиши вақт дар чист?

Дилмурод Каримов, ки даҳ сол боз дар мавзеи Қорасуви ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд ба нонпазӣ машғул аст, мегӯяд:

– Нонпазӣ касбест, ки дар он ҳар дақиқа аҳамияти ҳалкунанда дорад. Агар нонро ҳатто як дақиқа дертар аз танӯр гирем, месӯзад ва меҳнати чандинсоата барбод меравад. Барои мо вақт танҳо нишондиҳандаи соат нест, балки баракату ризқи ҳалол аст. Саҳархезӣ ва риояи низоми кор имкон медиҳад, ки субҳи барвақт дар дасторхони мардум нони гарм бошад.

Воқеан ҳам, ноне, ки мо дар чанд дақиқа мехӯрем, самараи меҳнати шабонарӯзӣ ва ҳисоби дақиқи вақт аст.

Акушер-гинекологи поликлиникаи оилавии №2-юми ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд Марям Раҳимҷонова бошад, чунин мегӯяд:

– Дар касби мо вақт худи ҳаёт аст. Ҳангоми таваллуд ё дар ҳолатҳои фавқулода баъзан танҳо чанд дақиқа барои қабули қарори дуруст дорем. Дар ҳамин лаҳзаҳо тамоми дониш, таҷриба ва масъулияти мо барои ҳифзи ҷони модар ва кӯдак равона мешавад. Ҳар як сонияи таъхир метавонад оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Маҳз дар чунин ҳолатҳо инсон арзиши ҳақиқии вақтро эҳсос мекунад.

Идора кардани вақт яке аз муҳимтарин малакаҳои инсон аст. Касе, ки корҳои худро ба нақша мегирад, ҳадафҳои равшан дорад ва онҳоро сари вақт иҷро мекунад, дар зиндагӣ бештар комёб мешавад. Ҳатто як соати омӯзиши ҳаррӯза метавонад баъди чанд сол инсонро ба мутахассиси соҳибтаҷриба табдил диҳад.

Барои ҷавонон вақт арзиши боз ҳам бештар дорад. Давраи ҷавонӣ айёми донишандӯзӣ, касбомӯзӣ ва бунёди оянда мебошад. Агар ин солҳо бо омӯзиш, меҳнати ҳалол ва худтакмилдиҳӣ сипарӣ шаванд, ояндаи инсон дурахшон хоҳад буд. Беҳуда нагуфтаанд: «Имрӯзро аз даст мадеҳ, зеро фардо аз имрӯз сохта мешавад» .

Имрӯз дар кишвари мо барои рушди иқтидори зеҳнӣ ва дастгирии ҷавонон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Яке аз ҷавонони муваффақ Шаҳризода Муталибова мебошад. Ӯ бо истифодаи самараноки вақт ва омӯзиши пайваста дар имтиҳонҳои қабул 189 хол ба даст оварда, соҳиби гранти давлатӣ гардид.

Шаҳризода мегӯяд:

– Мо дар асри технология зиндагӣ мекунем. Телефон, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам имкониятанд ва ҳам озмоиш. Агар онҳоро дуруст истифода набарем, соатҳо ва ҳатто рӯзҳои зиёди умрамон беҳуда мегузаранд. Аз ин рӯ, бояд технологияро пеш аз ҳама ҳамчун воситаи омӯзиш ва рушди шахсӣ истифода барем. Бисёриҳо мегӯянд, ки вақт намерасад. Дар асл, вақт барои ҳама яксон аст. Мушкил дар надоштани нақша ва истифодаи нодурусти он мебошад. Ҳатто вақти истироҳатро метавон бо мутолиа, шунидани барномаҳои илмӣ ё сайругашт дар ҳавои тоза самаранок гузаронд.

Таърихи башарият исбот кардааст, ки ҳамаи шахсиятҳои бузург маҳз бо истифодаи оқилонаи вақт ба қуллаҳои баланд расидаанд. Ҳеч як олим, нависанда, ихтироъкор ё қаҳрамон бе заҳмати пайваста муваффақ нашудааст. Паси ҳар дастовард ҳазорҳо соати омӯзиш, меҳнат ва сабру таҳаммул ниҳон аст.

Пас, биёед ҳар лаҳзаи умри худро ғанимат шуморем, ба илмомӯзӣ, мутолиаи китоб, худтакмилдиҳӣ ва корҳои хайр бештар рӯ оварем. Зеро вақт ягона сарватест, ки агар аз даст рафт, дигар ҳаргиз бознамегардад.

Тавре Шайх Саъдӣ фармудааст:

Макун умр зоеъ ба афсӯсу ҳайф,

Ки фурсат азиз асту ал-вақту сайф.

Мағфират Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: