Армуғони арзанда барои ҷашни фархунда

Сию панҷ сол муқаддам Ӯзбекистон ба истиқлолият расид ва дар он замонаҳои тақдирсоз соҳаи адабиёт низ аз файзи он баҳраманд гашта, дар тарғиби ғояҳои нав пардохт ва ба гӯши халқ буррову шунаво расонд, ки бояд аз тафаккури ғуломона озод шуд ва баҳри таҳкими субот ва ваҳдати воқеӣ аз шеваи нав – дӯстиву рафоқат ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ кор гирифта, Ватани ба тозагӣ истиқлолёфтаро обод бояд кард.

Дар ибтидои ин марҳила бархе аз адибонро як навъ ҳисси дилмондагӣ фаро гирифта буд ва ин эҳсоси бадро аҳёнан мушкилоти иқтисодиву ичтимоӣ бармеангехт, ки мутаассифона, кулли кишварро домангир шуда буд. Аммо эҳсоси ватандӯстӣ ва хушбин будан ба ояндаи нек, ки аз забони раҳбарони ҳукумат пайваста садо медоданд, қаламкашонро низ рӯҳбаланд месохт ва онҳо бо эҷоди гуна-гуна асарҳои худ ғояҳои истиқлолро тарафдорӣ ва мардумро ғолибан ба ояндаи нек дилгарм мекарданд. Чун қишри пешқадами ҷомеа адибон ҳамеша дар пеши сангари муборизаҳо меистоданд ва вазифаи худро дар назди халқу ватан софдилона ба сомон мерасониданд. Адабиёти тоҷикони Ӯзбекистон низ як ҷузъи ҷудонопазири адабиёти замони истиқлолияти миллатҳои Ӯзбекистон маҳсуб ёфта, ғояҳои нави ҳукумати даврро то буди имкон тарғиб менамуд. Шоиру нависандагони зиёде ба эҷоди асарҳои мансуру манзум пардохта, дар парафшон шудани ливои истиқлол саҳми арзанда гузоштанд. Дар муддати 35 соли охир адабиёти тоҷикони Ӯзбекистон ҳамқадами замона рушд кард. Адибони тоҷик на бо нишондоди раҳбарони алоҳида, балки ба ҳавои дилу виҷдони соф вориди ин корзори бузург гаштанд ва ба ғояҳои истиқлол содиқона хидмате карданд. Яке аз чунин қаламкашон Раҳматуллоҳ Шоҳимардон аст, ки тавонист аз як омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик то адиби пухтакоре бирасад. Қаблан ӯ бо мақолаҳои публисистиаш дар саҳифаҳои рӯзномаҳои тоҷикии ҷумҳурӣ ширкат варзида, бештар дар шинохти баъзе ҳамватанон, ки бо амалҳои неку мондагорашон дар ин ё он соҳа соҳиби обрӯю эътибор гаштаанд, ҳисса мегузошт. Аммо пешаи омӯзгорӣ ба вай имкон дод, ки бештар мушоҳидакор бошад ва солҳо рӯзгори мардумро бо чашми ҳақбин биомӯзад, гармиву сардиҳои ҳаётро дар пӯсти худ санҷидаву мушкилоти пешомадаро бурдборона таҳаммул кунад. Дар муҳити як деҳаи кучак бо номи Бибиширин, дар ҳалқаи як мушт омӯзгорони чирадасти мактаби тоҷикии рақами 33-и ноҳияи Бойсун то ба синни нафақа ба таълиму тадрис шуғл варзида, шогирдони хуберо ба воя расонд. Шогирдони ӯ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзидаву борҳо ғолиб омадаанд.

Раҳматуллоҳ Шоҳимардон барои рушди забони тоҷикӣ ва пойдор мондани мактабҳои тоҷикии ноҳияи Бойсун талошҳои зиёд кардааст. Дар ин роҳ баъзан танҳо вориди муборизаҳо шуда, ҳатто аз ҷониби ҳамзабонони кӯрдил ба фишору нороҳатиҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Аммо ӯ ҳаргиз аз мароми худ канор нарафта, то ҳадди имкон ба ғановату пойдории фарҳангу адаби тоҷикони маҳал ҳисса гузоштааст. Вай фишорҳои равонии зиндагиро баъзан дар жанри ҳикоя, баъзан лавҳаю очерк, ё мақолаҳои публисистӣ ва ё манзумаҳо ба қалам дода, ин тавр дарди дилро сабук месозад.

Имрӯз Раҳматуллоҳ Шоҳимардон дар муҳити тоҷикони Бойсун машъалеро мемонад, ки бо неруи иродати худ роҳи фарҳангу маърифатро равшан мекунад.

Аз нӯки қалами як омӯзгори деҳаи кӯҳистонӣ ба чоп расидани ду китоби арзишманд магар лоиқи таҳсин нест? Нахустин китоби ӯ бо номи “Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он” соли 2023 аз тариқи нашриёти “Сурхон-нашр”-и Тирмиз интишор ёфта буд. Ин китоб бештар аз таърихи деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун, хонадонҳои маскуни он, фарзандони ин хокҷой, ки бо донишу заковати худ ба халқу Ватан хидматҳо карда, обрӯманд гаштаанд, ҳикоят мекунад.

Китоби дигари Раҳматуллоҳ Шоҳимардон бо номи “Фаришта”, чанде пеш аз ҷониби нашриёти “Сурхон-нашри” -и Тирмиз бо теъдоди 400 нусха ба табъ расид. Маҷмӯа  бештар ҷанбаи адабӣ ва публисистӣ дошта, ҳикояҳо, шеърҳо ва мақолаҳои гуногунмавзӯи муаллиф ҷой гирифтаанд. Дар китоб “Фаришта” ном ҳикояте мавҷуд, ки чун номи умумии он интихоб шудааст ва адиб бо ин роҳ хеле нозук ишора мекунад, ки маҷмӯаи нави ӯ эҳдо ба руҳи поки модараш аст.

Ҳарчанд маҷмӯаи “Фаришта”-ро адиб эҳдо ба модари марҳуми худ Қумринисо бинти Ғиёс донистааст, дар оғози китоб чун нишони эҳтиром ба Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев  чанд дилгуфтаҳоеро ҷой додааст. Саҳифаи аввалро сурати Раҳбари давлат зинат  медиҳад.

Дар бахши аввали китоб таҳти номи “Меҳрнома” суханҳои дили адиб ифода ёфтаанд ва ӯ дар ин навиштаи пур аз муҳаббат хидматҳои арзандаи раҳбари давлат Шавкат Мирзиёевро дар рушди Ӯзбекистони Нав, таҳкими дӯстиву рафоқат байни ду миллати бародари мисоли гӯшту нохун –  тоҷику ӯзбек тавсиф намуда, хоса дар замони раҳбарии  вай боз гаридани сарҳадҳо ва бекор шудани раводидро байни Тоҷикистону Ӯзбекистон як амали таърихӣ унвон кардааст. Адиб аз пешрафту ободиҳои Ӯзбекистон ба ваҷд омада, чандин манзумае ба забони ӯзбекӣ эҷод кардааст, ки хидматҳои Президенти кишвар васф мешаванд.

Бояд гуфт, ки Раҳматуллоҳ Шоҳимардон донандаи хуби забони ӯзбекӣ низ ҳаст ва гаҳу ногаҳ ба ин забон мақола ё шеърҳое эҷод карда, бори дигар собит сохт, ки агар шахс ба забони модарии худ таълими амиқ бигирад, ба забонҳои дигар низ озодона эҷод карда метавонад.

Бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таҳия шудани китоб беҳуда нест ва ӯ дақиқан ба аҳли назар паём медиҳад, ки дӯстии миллатҳои тоҷику ӯзбек халалнопазир аст ва он вақт боз ҳам борвар мегардад, ки забони ҳамдигарро хуб донанд ва арҷ гузоранд!

Китоби “Фаришта” дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон ба ҷумла мардуми китобдӯст ва ошиқони ҳикоёти рангину пурмӯҳтаво туҳфаи арзандаест.

Шариф Халил,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: