«Samarkand – 2028»: аз расадхонаи Улуғбек то кайҳони муосир

  • «Samarkand – 2028»: аз расадхонаи Улуғбек то кайҳони муосир
  • «Samarkand – 2028»: аз расадхонаи Улуғбек то кайҳони муосир
  • «Samarkand – 2028»: аз расадхонаи Улуғбек то кайҳони муосир

Соли 2025 дар шаҳри Сиднейи Австралия Конгресси 76-уми байналмилалии астронавтика баргузор гардида буд. Дар ҷараёни ин чорабинии муҳим қарор қабул шуд, ки Конгресси 79-уми байналмилалии астронавтика соли 2028 дар шаҳри Самарқанд баргузор шавад.

Ин хабар на танҳо барои Ӯзбекистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Зеро бори нахуст чунин як чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд. Аз ҳамин ҷост, ки радифи маснӯъӣ номи «Samarkand – 2028»-ро гирифт.

Директори Агентии тадқиқоти кайҳонӣ ва технологияҳои кайҳонии «Ӯзбеккосмос» Шӯҳрат Қодиров ба мадори Замин баровардани радифи маснӯъии «Samarkand – 2028»-ро рӯйдоди таърихӣ барои кишвар арзёбӣ кард.

– Самарқанд аз қадим ҳамчун яке аз марказҳои бузурги тамаддун, илму маърифат ва омӯзиши осмон шинохта шудааст ва ин мақомро имрӯз низ нигоҳ медорад, – гуфт Шӯҳрат Қодиров. – Дар асри XV Мирзо Улуғбек дар минтақаи Кӯҳаки Самарқанд расадхона бунёд намуда, ба омӯзиши коинот ва ситорашиносӣ машғул шуд. Аз ин рӯ, интихоби номи Самарқанд барои радифи маснӯъӣ рамзи пайванди мероси илмии гузашта бо дастовардҳои замони муосир мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, дастовардҳои солҳои охир дар соҳаи кайҳон ва космонавтика натиҷаи сиёсати дурандешонаи роҳбари кишвар дар ин самт мебошанд. Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли 2019 «Дар бораи рушди фаъолияти кайҳонӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва дигар санадҳои марбут ба рушди соҳаи кайҳон барои фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи чунин лоиҳаҳо мусоидат карданд.

Ҳамчунин, соли 2028 ба мадори Замин радифи маснӯъии дигар бо номи «Мирзо Улуғбек» фиристода хоҳад шуд. Ин иқдом идомаи корҳои дар самти рушди соҳаи кайҳонии кишвар анҷомдодашуда ба ҳисоб меравад.

Айни замон омодасозии мутахассисон ва кайҳоннавардони Ӯзбекистон низ ба таври муташаккилона идома дорад. Дар ин самт ҳамкорӣ бо кишварҳои Чин ва Русия аҳамияти хос дошта, барои баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва техникии кишвар имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Радифи маснӯъии «Samarkand – 2028» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба мадори Замин бароварда мешавад. Номи он бошад, на танҳо рамзи баргузории Конгресси байналмилалии астронавтика дар Самарқанд, балки бозгӯкунандаи пайванди таърихи пурғановати илмии ин шаҳри бостонӣ бо ояндаи соҳаи кайҳонии Ӯзбекистон мебошад.

Зоҳир Ҳасанзода,

Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: