Дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони овули “Ақшап”-и ноҳияи Шуманайи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар пояи барномаи сармоявӣ бинои нави муассисаи таълими томактабии дорои 90 ҷой сохта мешавад.
Арзиши умумии лоиҳа 5 миллиарду 858,6 миллион сӯм аст.
Корҳои сохтмон аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Перспектива монтаж Нукус” анҷом меёбанд. Ҳоли ҳозир дар иншоот қисми асосии корҳои хиштчинӣ ва андовакунӣ поён ёфта, корҳои бомпӯшонӣ, монтажкунии электр ва пардозкунӣ идома доранд.
Ба сохтмон 50 коргар ва чандин техникаҳои махсус ҷалб гардидаанд. Бинокорон ният доранд, ки ин муассисаи нави таълими томактабиро дар арафаи ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба истифода супоранд.