Дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва миллӣ киҳо ғолиб гардиданд?

  • Дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва миллӣ киҳо ғолиб гардиданд?

Тавре ки қаблан хабар дода будем, рӯзҳои 13-15 августи соли равон дар шаҳри Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё Ҷашнвораи байналмилалии “Кашидадӯзии ироқӣ” ва ҷашнвораи миллии “Ҷилои кашидадӯзии абрешим” баргузор гардид.

Дар он баробари ҳунармандони миллӣ беш аз 20 нафар ҳунарманд  аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия ва Русия бо маҳсулоти кашидадӯзии худ иштирок карданд.

Ҳайати доварон баъди баррасиҳо ғолибони озмунҳоро дар як қатор номинатсияҳо аниқ карданд. Мувофиқи ин натиҷагирӣ аз рӯи номинатсияи "Соҳибкоре, ки бештарин маҳсулоти гулдӯзии абрешимро содир кардааст”-и озмуни миллӣ-ҷумҳуриявӣ ҷои якумро Санҷар Назаров, ҷои дуюмро Латиф Садриддинов ва ҷои сеюмро Мавлуда Ҳамдамова  ишғол карданд.  

Дар номинатсияи "Ҷавони боистеъдодтарин кашидадӯз” ҷои якумро Паризод Холмуҳаммедова, ҷои дуюмро  Меҳригул Аманиёзова ва ҷои сеюмро Фотима Асадова  ба даст оварданд.  Аз рӯи номинатсияи "Фаъолтарин кашидадӯз, ки шуғли занонро таъмин кардааст", ҷойҳои ифтихорӣ насиби Саодат Файзиева, Дилфуза Раҳмонова  ва Нилуфар Ҷӯраева  гардид.
 
Аз рӯи номинатсияи "Беҳтарин вориси сулолае, ки анъанаҳои қадимиро идома медиҳад", номи Дилноза Нарзуллаева (Ӯзбекистон), Насиба Исҳоқова (Ӯзбекистон) ва Санобар Арипова (Ӯзбекистон) ғолиб баромаданд.

 Дар номинатсия озмуни байналмилалии «Кашидадӯзе, ки машҳуртарин бренди миллиро офаридааст», ҷои аввал насиби Мунира Оқилова (Тоҷикистон, дар акс), ҷои дуюм насиби Саодат Низомова (Ӯзбекистон) ва ҷои сеюм насиби Лейлӣ Ҳаитова (Туркманистон) гардид. 

Ба ҳар кадоми ғолибон сертификат ва мукофотҳои пулӣ супурда шуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

Шаҳри Шаҳрисабз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: