Дар 38-умин Олимпиадаи байналмилалии информатика – IOI 2026, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, дастаи мунтахаби Ӯзбекистон натиҷаи таърихии беҳтарини худро ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки ҷавонони беш аз 90 кишвар иштирок доштанд, намояндагони Ӯзбекистон 1 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ ва 1 ҷоизаи “Honorable Mention”-ро ба даст оварданд.
Ҷаҳоналӣ Хайдаралив медали нуқра гирифт. Ҷаҳонгиршоҳ Авазхонов, Тимур Қодирберганов ва Улуғбек Раҳматуллоев бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд. Сардорбек Салимов бошад, ба гирифтани ҷоизаи “Honorable Mention” мушарраф гардид.
Ин натиҷа иқтидори ҷавонони кишварро дар соҳаи информатика ва технологияҳои иттилоотӣ нишон дода, барои таҳкими минбаъдаи мавқеи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Ин дастоварди хонандагони ӯзбекистонӣ дар оянда барои омода намудани мутахассисони насли нав дар соҳаи информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дар кишвар қадами муҳим хоҳад буд.