Аризаҳо тавассути my.gov.uz ё дар марказҳои хизматрасонии давлатӣ ба таври электронӣ пешниҳод карда мешаванд.
Тартиби ҷойгиркунии донишҷӯён дар хобгоҳҳои муассисаҳои давлатии таҳсилоти олӣ бо қарор Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14 августи соли 2023 муайян шудааст.
Мувофиқи он, аризаҳо барои ҷойгир шудан дар хобгоҳ ҳар сол аз 1 август то анҷоми соли таҳсил қабул карда мешаванд. Донишҷӯёни курси якум бошанд, пас аз тавсия шудан ба мақоми донишҷӯӣ метавонанд барои хобгоҳ ариза пешниҳод кунанд.
Аризаҳо тавассути my.gov.uz ё марказҳои хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ супорида мешаванд. Пас аз эълон шудани натиҷаҳои мандат, маълумот дар бораи донишҷӯёне, ки ба курси якум тавсия шудаанд, ба системаҳои дахлдори иттилоотӣ ворид карда мешавад.
Аз ин рӯ, баъзе довталабон мумкин аст ҳангоми пешниҳоди ариза тавассути my.gov.uz бо паёми «маълумоти корбар дар пойгоҳи маълумотҳо мавҷуд нест» рӯ ба рӯ шаванд.
Агар довталаб ба мақоми донишҷӯӣ тавсия шуда бошад, вале ҳангоми пешниҳоди ариза барои хобгоҳ маълумоташ пайдо нашавад, эҳтимол аст, ки маълумоти ӯ ҳанӯз пурра ба система ворид нашуда бошад. Дар ин ҳолат, пас аз пайдо шудани маълумот дар система дубора кӯшиш кардан мумкин аст. Яъне, аризаро пас аз як-ду рӯз пешниҳод кардан имкон дорад.
Пас аз фиристодани ариза, система донишҷӯро ба рӯйхати имтиёзнок ё умумӣ дохил мекунад. Агар дар хобгоҳ ҷойи холӣ мавҷуд бошад, роҳхати электронӣ таҳия мешавад. Дар сурати набудани ҷойи холӣ, донишҷӯ ба навбат гузошта мешавад.
бояд гуфт, ки ҳангоми қабул ба хобгоҳ ба тофиаҳои зерин афзалият дода мешавад:
– Тарбиягирандагони «Хонаҳои меҳрубонӣ», ятимон ва донишҷӯёне, ки аз парастории падару модар маҳруманд;
– Фарзандони оилаҳои ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ, ки ба «Реестри иҷтимоӣ», «Дафтари оҳанин» ва «Дафтари занон» дохил шудаанд, инчунин донишҷӯёне, ки дар «Дафтари ҷавонон» қарор доранд;
– Донишҷӯёни дорои маъюбияти гурӯҳҳои I ва II;
– Фарзандони оилаҳое, ки аз як оила ду ё зиёда нафар дар зинаи бакалавриат, дар шакли таҳсили рӯзона ва дар асоси шартнома таҳсил мекунанд;
– Донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ, ки аз ҷониби Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия баргузор мешаванд, ғолиб шудаанд;
– Ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявии озмунҳои «Донишҷӯи сол» ва «Студияҳои театрии донишҷӯён»;
– Ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявии бозии зеҳнии «Заковат» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
– Раисони шӯрои донишҷӯён ва сардорони ошёнаҳо дар хобгоҳҳои донишҷӯён.
Мувофиқи тартиби муқарраршуда, дар навбати аввал довталабоне, ки имтиёз ва афзалият доранд, ба хобгоҳ қабул карда мешаванд.
Пас аз ин, ҷойҳои боқимонда барои донишҷӯёни рӯйхати умумӣ тибқи навбат чунин тақсим карда мешаванд:
1-курс — 55–65 фоиз;
2-курс — 15–20 фоиз;
3-курс ва болотар — то 20–25 фоиз.