Қабули сайёр – ба нафъи халқ

  • Қабули сайёр – ба нафъи халқ
  • Қабули сайёр – ба нафъи халқ
  • Қабули сайёр – ба нафъи халқ
  • Қабули сайёр – ба нафъи халқ

Солҳои охир дар маҳал омӯхтани шикояту муроҷиатҳои аҳолӣ ва барои ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои амалӣ андешидан ба яке аз самтҳои муҳими мақомоти маҳаллӣ табдил ёфтааст. Ин ташаббуси бевоситаи роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ ҳамсадоии бесобиқа пайдо кард ва кунун мушкилоти ҳаёти ҳазорҳо ҳамватанони моро сода мегардонад.

Ба наздикӣ гурӯҳи босалоҳияти мутахассисон, намояндагони идораҳои мухталифи вилояти Қашқадарё ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Обиҳаёт”, ки аз дурдасттарин мавзеъҳои ноҳияи Ғузор мебошад, ташриф фармуда, қабули сайёрро роҳандозӣ ва бо мушкилоти ҳаёти бошандагони он аз наздик шинос шуданд. Дар гурӯҳи мазкур мақомдорони сатҳи баланди вилоят ва ноҳия ширкат варзиданд. Раиси Шӯрои намояндагони халқи вилояти Қашқадарё Исмигул Хушмуродова, намояндаи минтақавии Ваколатдори Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Қашқадарё Лола Саодатова, муовини раиси Қабулхонаи халқи вилоят Давлатмурод Равшанов ва ҳокими ноҳияи Ғузор Бекзод Суюнов шомили гурӯҳ дар қабули сайёр буданд.

Дидору мулоқоти озод бо аҳолӣ боиси ошкор гардидани як қатор мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ гардид. Шаҳрвандон зиёда аз 45 муаммои рӯзгори худро ба мақомдорон расониданд. Аз ҷумла, 8 номгӯй мушкилоти аҳолӣ зуд роҳи ҳалли худро ёфтанд ва аз рӯи 13 муаммои мавҷудаи дигар маъмумоти ҳуқуқӣ ироа гардид. 25 муроҷиати бошандагони маҳаллаи “Обиҳаёт” зери назорати гурӯҳи кориву омӯзишӣ ба идороти дахлдор супорида шуданд.

Қобили зикр аст, ки намояндагони соҳаи тибби вилоят ва ноҳия 314 нафар бошандагони ин маҳалларо аз муоина гузарониданд ва аниқ гардид, ки 62 нафар шаҳрванд ниёз ба табобат доранд. Ба онҳо маслиҳатҳои муфид ва кумаки тиббӣ расонида шуданд. 8 нафар бемор барои барқарор сохтани саломатиашон ба бемористонҳо роҳхат гирифтанд.

Раиси Шӯрои намояндагони халқи вилояти Қашқадарё Исмигул Хушмуродова гуфт:

– Чунин дидору мулоқоти сайёр пеш аз ҳама ба нафъи аҳолӣ буда, робитаи халқу ҳукуматҳои маҳаллиро мустаҳкам месозанд.

Шариф Халил,

хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: