Хушбахтӣ он аст, ки...

Суханони ҳикматомези бузургон

Ҳадаф, даромад, тарс, заъф, зиндагии шахсӣ ва ҳатто нуқтаҳои қудрататро пинҳон нигоҳ дор.

Жан-Батист Молиер.

Барои касе, ки аз ту кумак нахостааст, шитобзада кумак макун. Ба касе, ки ба панду насиҳати ту ниёз надорад, панд мадеҳ. Барои худат, суханат ва андешаҳоят арзиш қоил бош.

Майкл Карлсон.

Зиндагӣ ба мо меомӯзад, ки ҳамсари воқеии худро ҳангоми талоқ, кӣ будани бародарони худро ба ҳангоми тақсими мерос, фарзандони худро замоне, ки пир мешавем ва дӯстони худро ҳангоме ки гирифтори сахтӣ мегардем, мешиносем.

Ҳикмати яҳудӣ.

Машав бедаступо аз муфлисию бекасӣ ҳаргиз,

Магар нашнидаӣ, Бедил, Худо дорӣ, чӣ ғам дорӣ.

Бедил.

Фосила гирифтан ягона посух ба беэҳтиромист. Вокуниш нишон мадеҳ, баҳс макун ва худро даргири ҷанҷолу ҳангома насоз. Танҳо ҳузури худро аз миён бардор.

Роуэн Аткинсон.

Ҳеч кас наметавонад аз шахсе, ки дӯсташ намедорад, чизе биомӯзад.

Ксенофонт.

Зиндагӣ на дар ёфтани худ, балки дар офаридани худ аст.

***

Дер боз дарёфтаам, ки набояд бо хукҳо гӯштӣ гирифт, зеро ҳам худат олуда мешавӣ ва ҳам онҳо аз ин кор лаззат мебаранд.

Бернард Шоу.

Бояд ба кӯдакон на танҳо хондан, балки андешиданро низ биомӯзем.

Лидия Ҳантли Сигурни.

Девонагон дар муқоиса бо оқилон бисёр вақт бештар ба ҳадафҳои худ мерасанд, зеро барои онҳо на монеаи ахлоқӣ вуҷуд дорад, на шарм, на адолат ва ҳатто, на  тарс.

Лев Толстой.

Пирӯзӣ дар сад ҷанг авҷи ҳунари ҷанговарӣ нест, шикаст додани душман бидуни ҷанг, авҷи ҳунари ҷанг аст.

Сун Тзи.

Агар тавони бахшидан дошта бошӣ, калиди қудрати маънавиро дар даст дорӣ – қудрате, ки камтар касе аз он баҳраманд аст.

Дерек Принс.

Хушбахтӣ он аст, ки туро барои он чӣ ҳастӣ ва он гуна, ки ҳастӣ, дӯст бидоранд, на барои он, ки чӣ дорӣ.

Виктор Гюго.

Бо пойҳоят бар замин роҳ бирав, аммо бо дилат дар осмонҳо зиндагӣ кун.

Юҳанно Боско.

Он чӣ инсонҳоро табоҳ мекунад, на фақр асту на сарват, балки ҳасад ва тамаъ аст.

Бернард Шоу.

Дуо гуфтугӯи пинҳон, ширин ва гаронбаҳо бо Худованд аст, гуфтугӯе, ки рӯҳро тароват мебахшад ва онро барои ҳар озмоишу машаққат неруманд месозад.

Уилям Карри.

Тарҷума ва таҳияи А. Субҳон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: