Аз Париж тавассути Самарқанд ба Пекин

  • Аз Париж тавассути Самарқанд ба Пекин
  • Аз Париж тавассути Самарқанд ба Пекин

Чанде пеш сокинони шаҳри Самарқанд ва сайёҳон шоҳиди манзараи ҷолибу ғайриодӣ шуданд. Дар хиёбони Донишгоҳ (собиқ хиёбони Абрами Қалам) беш аз 30 адад нақлиёти гуногунтамғаи қадимаи хориҷӣ саф кашида буд. Ронандагони онҳо аз Фаронса, Белгия, Люксембург, Швейтсария, Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо буданд.

Маълум гардид, ки иштирокдорони автосаёҳати байналмилалии «Париж – Пекин бо роҳи Бузурги абрешим» дар Самарқанд таваққуф кардаанд. Саёҳат 12 майи соли равон аз пойтахти Фаронса оғоз шуда, иштирокдорон пас аз убури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Қароқалпоқистон, Хива ва Бухоро омада, сипас ба Самарқанд расидаанд.
– Ҳадафи мо тай кардани тамоми масири Бузурги абрешим дар зарфи 57 рӯз аст, – гуфт роҳбари гурӯҳ Мишел Муте ба хабарнигорон. – Гарчанде вақти мо танг аст, Самарқанди бостону дилраборо надидан гуноҳи бузург мебуд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем ду рӯз меҳмони ин шаҳри қадима бошем.
Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорони саёҳат қаблан дар бораи Самарқанд, Бухоро ва дигар шаҳрҳои воқеъ дар масири Бузурги абрешим китобу маводи зиёд хонда ва маълумоти фаровон гирифта буданд. Аммо дидани ин мавзеъҳои таърихӣ аз наздик таассуроти тамоман дигар мебахшад.
Дар рӯзҳои будубоши меҳмонон дар Самарқанд сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон, бо шавқу завқи зиёд автомобилҳои нодиру таърихиро тамошо мекарданд ва дар назди онҳо акс мегирифтанд. Нақлиётҳои гуногунтамғаи солҳои пеш таваҷҷуҳи ҳам сокинон ва ҳам сайёҳонро ба худ ҷалб намуданд.
Иштирдорони автосаёҳат аз Самарқанд ба самти водии Фарғона ҳаракат карда, сипас ба Ҷумҳурии Қирғизистон хоҳанд рафт.

Баҳодури Зоҳир.
Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: