Дар Ӯзбекистон масъалаи зиёд кардани ҷарима барои напардохтани роҳкиро дар автобусҳо баррасӣ мешавад. Дар сурати тасдиқи тартиби нав, аз 1 сентябри соли 2026 барои бори аввал бе пардохти роҳкиро савор шудан ба мусофир 220 ҳазор сӯм, дар ҳолати такрори қонуншиканӣ бошад, то 440 ҳазор сӯм ҷарима таъйин карда мешавад.
Ҳоло барои бе чипта савор шудан ба автобус ҷарима ба андозаи 0,1 ҳиссаи МҲБ муқаррар шудааст, ки 41 ҳазору 200 сӯмро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар сурати тасдиқи тағйироти пешниҳодшуда, ҷарима барои қонуншикании аввал беш аз 5 баробар ва барои қонуншикании такрорӣ то 10 баробар зиёд хоҳад шуд.
Дар ин бора директори Муассисаи давлатии мониторинг ва назорати ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Тошканд Муҳаммадҷон Қаҳҳоров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон 24» хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, мусофироне, ки роҳкиро намепардозанд, аз ҷониби кормандони назоратӣ тавассути планшетҳо муайян карда мешаванд. Дар ҳафт моҳи аввали соли 2026 беш аз 82 ҳазор ҳолати напардохтани роҳкиро ошкор шуда, аз қонуншиканон беш аз 2 миллиард сӯм ҷарима ситонида шудааст.
Тибқи қарори №276-и Ҳукумати Ӯзбекистон аз 3 июни соли 2026, ба мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки пешниҳодҳо оид ба пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои бе чипта савор шуданро таҳия кунанд. Пешниҳодҳои дахлдор омода гардида, ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод шудаанд.
Мувофиқи пешниҳод, барои бори аввал напардохтани роҳкиро ҷарима ба андозаи нисфи МҲБ — 220 ҳазор сӯм, барои такроран содир намудани чунин қонуншиканӣ бошад, як баробари МҲБ — 440 ҳазор сӯм муқаррар карда мешавад.
Мақсад аз ин тағйирот таъмини пурраи пардохти роҳкиро, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани имкони дақиқтар ба нақша гирифтани кори автобусҳо арзёбӣ мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз 1 сентябри соли 2026 мусофирон бояд роҳкирои худро ҳангоми савор шудан ба автобус пардохт кунанд. Ин тадбир низ ба таъмини пардохти саривақтии роҳкиро ва назорати самараноки фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ равона шудааст.