Баҳри Арал ба атмосфера садҳо миллион тонна CO₂ хориҷ мекунад

Хушкшавии баҳри Арал на танҳо ба фоҷиаи экологӣ, балки ба хориҷ шудани миқдори бузурги карбон, ки дар таҳшинҳои қаъри баҳр дар тӯли даҳсолаҳо нигоҳ дошта мешуд, низ оварда расонидааст.

Тибқи ҳисобҳои муҳаққиқон, аз солҳои 1960-ум то имрӯз аз қаъри хушкидаи баҳри Арал тақрибан 748 миллион тонна гази карбон (CO₂) ба атмосфера хориҷ шудааст.
Баҳри Арал солҳои зиёд ҳамчун анбори табиии карбон хизмат мекард. Пас аз нобуд шудани растаниҳо ва организмҳо моддаҳои органикии ҳосилшуда ба қаъри обанбор фурӯ рафта, дар таҳшинҳо ҷамъ мешуданд.
Аммо бо хушкшавии васеи обанбор ин раванд тағйир ёфт. Таҳшинҳои дар замини хушкмонда бо ҳаво ба тамос даромада, карбони дар таркибашон буда тадриҷан ба атмосфера бармегардад.
Гурӯҳи муҳаққиқони испанӣ соли 2022 экспедитсия гузаронида, аз 14 нуқтаи қаъри баҳр намунаҳои таҳшин ҷамъоварӣ кардааст. Олимон ҳаҷми партови гази карбонро аз қаъри собиқи баҳр чен кардаанд.
Мутахассисон инчунин таркиби изотопии карбонро таҳқиқ намудаанд. Ин ба онҳо имкон додааст муайян кунанд, ки CO₂-и хориҷшаванда воқеан аз моддаҳои органикии қаблан дар таҳшинҳои қаъри баҳр ҷамъшуда пайдо мешавад.
Муҳаққиқон инчунин сатҳи пӯшиши растаниҳо ва миқёси эрозияи бодиро арзёбӣ кардаанд. Натиҷаҳо нишон додаанд, ки қаъри хушкидаи баҳр ҳанӯз ҳам аз моддаҳои органикии қаблан дар он гӯршуда гази карбон хориҷ мекунад.

Тибқи ҳисобҳои олимон, аз оғози хушкшавии васеи баҳри Арал то имрӯз аз таҳшинҳои қаъри он тақрибан 748 миллион тонна CO₂ хориҷ шудааст.
Ҳамзамон, дар хок ҳанӯз моддаҳои органикӣ боқӣ мондаанд ва ҳаҷми газҳое, ки метавонанд аз онҳо хориҷ шаванд, тақрибан 605 миллион тонна CO₂ арзёбӣ мешавад.


Барқарорсозии баҳр метавонад ба иқлим таъсири мусбат расонад
Агар қисми зиёди ин карбон дар таҳшинҳои қаъри баҳр нигоҳ дошта шавад, он метавонад ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ мусоидат кунад.
Тибқи ҳисобҳо, арзиши иқтисодии партовҳои коҳишёфта метавонад аз 3,6 миллиард то 18 миллиард доллар бошад. Аз ин рӯ, маблағгузории карбон аз ҷиҳати назариявӣ метавонад ба яке аз манбаъҳои маблағгузории лоиҳаҳои барқарорсозии обанбор ва экосистемаҳои он табдил ёбад.
Аммо баргардонидани баҳри Арал ба ҳолати пешинааш кори ниҳоят душвор мебошад.
Чаро барқарор кардани баҳри Арал душвор аст?
Барои ба таври назаррас васеъ кардани масоҳати об зарур аст, ки низоми идоракунии захираҳои об дар тамоми ҳавзаи баҳри Арал тағйир дода шавад. Ба ин ҳавза ҳудудҳои чанд кишвар дохил мешаванд ва қисми зиёди об таърихан барои кишоварзӣ ва обёрӣ истифода шудааст.
Мутахассисон ҳамчун чораҳои эҳтимолӣ навсозии низоми обёрӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва беҳтар намудани низоми интиқоли онро пешниҳод мекунанд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои барқарор кардани масоҳати обанбор то тақрибан нисфи сатҳи он дар соли 1960 қариб 9,7 миллиард доллар сармоягузорӣ ва тағйироти васеъмиқёс дар тамоми ҳавза зарур аст.
Олимон барқарорсозии пурраи баҳри Аралро вазифаи ниҳоят мураккаб медонанд. Ҳамзамон, онҳо таъкид мекунанд, ки татбиқи лоиҳаҳои алоҳида оид ба баргардонидани об ва барқарорсозии экосистемаҳо имконпазир аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: