Заноне, ки дар хориҷа фаъолият мекунанд, чӣ гуна кумак гирифта метавонанд?

Заноне, ки дар давраи фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷа бо сабабҳои гуногун ба вазъияти душвор дучор мешаванд, метавонанд ба Агентии муҳоҷират муроҷиат намуда, аз рӯйи 9 самт кумаки амалӣ гиранд.

 Бархе аз хизматрасониҳо ройгон буда, хароҷоти табобат ва ҷойи зисти муваққатӣ то ҳадди муқарраргардида ҷуброн карда мешавад.
Занони дар хориҷа фаъолияткунандаи меҳнатӣ, ки ба вазъияти душвор афтодаанд, метавонанд аз чунин намудҳои кумак бархӯрдор шаванд:

ба Ватан баргардонидан — хароҷоти чиптаи ҳавопаймо, аз ҷумла барои баргаштан ҳамроҳ бо фарзандони ноболиғ, пардохт карда мешавад;
ҷуброни хароҷоти хизматрасонии тиббӣ — то 1 500 доллари ИМА;
таъмини ҷойи зисти муваққатӣ — то 500 доллари ИМА;
пардохти хизматрасонии ҳуқуқӣ ва адвокатӣ — то 3 000 доллари ИМА;
баргардонидан аз марказҳои депортатсия — ройгон;
ба Ватан овардани ҷасади шаҳрвандони фавтида — то 9 000 доллари ИМА;
бо ҷойи кори сердаромад дар хориҷа таъмин кардан — ройгон;
ҳифзи ҳуқуқҳо, инчунин мусоидат дар рӯёнидани маош ва ҷубронпулиҳо;
барқарор кардани ҳуҷҷатҳо ва ба расмият даровардани шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан — ройгон.

Шаҳрвандоне, ки ба кумаки Агентии муҳоҷират ниёз доранд, метавонанд 24 соат дар шабонарӯз, 7 рӯз дар ҳафта тавассути рақами кӯтоҳи 1282 муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин барои гирифтани кумаки фаврӣ метавонанд аз боти Telegram — @HUQUQIY_YORDAM_UZBOT ё тавассути телефони дастгоҳи марказии Агентии муҳоҷират +998 71 202 33 55 (дохилӣ — 365) муроҷиат кунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: