Марди накӯном…

Ҳар гоҳ, ки аз дуру наздик меҳмонон ё сайёҳони хориҷӣ ба маҳаллаи куҳанбунёди Хаймари Боло ташриф оваранд, сайру саёҳати онҳо аз осорхонаи он оғоз меёбад.

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,

Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона!

Амир Хусрав

Ҳар гоҳ, ки аз дуру наздик меҳмонон ё сайёҳони хориҷӣ ба маҳаллаи куҳанбунёди Хаймари Боло ташриф оваранд, сайру саёҳати онҳо аз осорхонаи он оғоз меёбад.

Собиқ ходими идораҳои давлатӣ, инсони соҳибэҳтирому соҳибтаҷриба ва  донишманду ҷаҳонгашта Раҳмонқул Ҳамроқулов, ки рисолати инсонӣ, хосатан масъулияти худро дар зиндагӣ хидмати бедареғ ба халқу Ватан медонад, дар бораи экспонатҳо ва шахсони обрӯманди маҳалла, ки аксҳояшон дар чорчӯбаҳои заррин гузошта шуданд, маълумоти пурра медиҳад.

Чанде пеш мо бо ӯ суҳбат кардем.

– Бародар, – гуфт вай, – доир ба  деҳаи мо ривоятҳои аҷибу шавқангез ҳастанд. Масалан, номи зодгоҳи мо аз калимаи хайма, яъне соябон, чодар гирифта шудааст. Нақл мекунанд, ки истилогари юнонӣ Искандари Мақдунӣ  ба Самарқанд ҳуҷум мекунад ва баъди шикаст хӯрдан ақибнишинӣ карда, маҳз дар ҳамин манзил хайма задааст. Бо гузашти айём ибораи «Хайма» ба «Хаймар» табдил ёфтааст.

– Маҳаллаи шумо бо киҳо ва чиҳо ифтихор дорад?

– Бо табиати нотакрор, боғу роғҳо, иншооти замонавӣ, кӯчаҳои равон ва албатта мардуми меҳнатқаринаш. Яке аз чунин шахсони иззатманд раҳматӣ Ҳабиб Мардонов буданд, ки барои ободу зебо шудани Хаймар хидмати шоиста кардаанд.

Суроғаи ҷавонӣ

Ҳабиб Мардонов соли 1927 таваллуд ёфта, дар макотиби рақамҳои 8 ва 14-уми ноҳияи Самарқанд таҳсил гирифтааст. Ӯ аз аълохонҳо буд, ба ҳама фанҳо баробар шавқу ҳавас дошт, вале ба адабиёт дил баст ва тасмим гирифт, ки мисли устодаш муаллими адабиёт шавад.

Онҳо дар оила ҳашт нафар фарзанд буданд. Модараш зуд-зуд бемор мешуд. Аз ин рӯ ӯ маҷбур гардид, ки баъди гирифтани шаҳодатнома ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шавад. Аълохон, ки буд, баъди гирифтани диплом бо роҳхати омӯзишгоҳ ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд дохил шуда, асрори табобатро омӯхт. Вай хуб медонист, ки агар математика калиди илмҳо бошад, адабиёт калиди тарбияи одаму одамгарӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонист. Муҳаббат ба адабиёту забони модарӣ боло гирифту дипломи духтуриро ба бойгониаш гузошта, ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурд. Зеро ҳамон солҳо дар матбуоти даврӣ шеъру ҳикояҳояш чоп мешуданд.

Соли 1950 ӯро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Ҳангоми хидмат бештар  оид ба ватан, зодгоҳ, ҷавонмардӣ, аҳду вафо, ишқу муҳаббат ва дигар мавзӯъҳо шеъру ғазалҳо навишт.

Баъди адои хидмати ҳарбӣ фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ дар мактаби рақами 8-уми ноҳияи Самарқанд оғоз намуд. Азбаски ҷавони ғайратманду ташаббускор, навовару қолабшикан буд, ба ташкилоти комсомолӣ ба кор таклиф кардаанд. Аз вазифаи нозири одӣ то дараҷаи котиби аввали кумитаи  комсомоли ноҳияи Самарқанд расид. Чанд муддат котиби ташкилоти ҳизби хоҷагии давлатии рақами 5-уми минтақаи Адас буд.

Соли 1959 Ҳабиб Мардоновро роҳбари хоҷагии ҷамоавии «Гулистон» таъин карданд.

Раиси ташаббускор

 Раиси нав тамоми аъзои хоҷагиро ҷамъ намуда маҷлис орост, то ҳозирон муаммо ва масъалаҳои ҳалталабро ошкор созанд.

Ин муаммо ва масъалаҳо сипас бо кумаки идораҳои дахлдор ҳалли худро ёфтанд.
Дар сари роҳи байни Самарқанду дараи Оҳалик барои боғбонону деҳқонон хонаҳои истиқоматӣ ва бошишгоҳи саҳроӣ бунёд гардиданд, то мардум ҳам  зиндагӣ кунанду ҳам бо кишоварзӣ машғул шаванд. Аммо ҳеҷ кас ба муҳоҷират ҷуръат намекард. Охир аз деҳа ба манзили «тӯй кунад бозораш, даргузарад мазораш нест» кӯч бастан осон набуд.

Раис назди чанд нафар рафта, имтиёзҳоро гуфт, вале «дили нохоҳам, узри бисёр» шуд. Оқибат ӯ сари замини иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон Шамсӣ Бобомуродов омад. Дар атрофи як пиёла чой суҳбат карданд.

– Ако, шумо одами оқилу бофаросат, – ба мақсад гузашт Ҳабиб Мардонов, – илтимос аҳли оиларо гирифта, ба ҳавлии нав, ки мо бунёд кардем, кӯчида равед. Боварам ҳаст, ки «харбуза аз харбуза ранг гирад, ҳамсоя аз ҳамсоя панд» гуфтагӣ барин, дигарон аз шумо ибрат мегиранд.

– О, раис қаҳатию гуруснагӣ, ҷангу маргро дидем, – гуфт Шамсисаркор, – шумо барин шахс мани хокпоши одиро маҳрами дил дониста, сар хам карда омадаед, албатта дастгирӣ мекунам.
– Пагоҳ мошини боркаш ва барои бӯрёкӯбӣ як сар гӯсфанд аз ҳисоби хоҷагӣ, – гуфт Ҳабиб Мардонов ва мӯйсафедро самимона ба оғӯш кашид. – Ташаббуси ҷавонмардонаи шумо, Худо хоҳад, аз саҳифаи зарҳалини таърихи  деҳаи навбунёд ҷой мегирад. Кӣ медонад, солҳо мегузаранд, мову шумо хоку туроб мешавем, шояд мардуми қадршинос ин деҳаи навбунёдро Шамсиобод ном кунанд.

Воқеан, ҳамин тавр шуд. Ҳоло собиқ маҳалла номи Шамсиободро гирифтааст…
– Хидматҳои раҳматӣ Ҳабиб Мардонов барои ободу зебо гардидани деҳа  бузург аст, – гуфт раиси маҳаллаи Хаймари боло Мунис Муҳиддинов. – Биноҳои мактаби рақами 12-ум (собиқ 95-уми ба номи Мирзо Турсунзода), нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, кӯдакистон, чойхона ва дигар иншооти маишӣ  бо ташаббуси ӯ қад афрохта, то ҳол ба мардум хидмат мекунанд.
Боиси хушнудист, ки иқдоми неки падари бузургворро фарзандону наберагон идома медиҳанд. Ҳоло дар деҳа ягон тӯю маърака бидуни иштироки фаъолонаи сулолаи Мардоновҳо намегузарад. Онҳо табиатан инсонҳои покдилу накӯкор, хидматгори мардум мебошанд.

Бе ту танҳоям, падар!

Қиблаи ман будиву рафтӣ зи ман, эй қиблагоҳ,

Сарпаноҳам будиву мондӣ маро бе сарпаноҳ.

– Мо дар оила ҳашт нафар, – чаҳор писару чаҳор духтар будем, – лаб ба сухан кушод Фазлиддин Мардонов, – падарам бо модари ғамхору меҳрубонам Саломат Мардонова мо, фарзандонро хуб таълиму тарбия додаанд.
Бузургхоҳарам Муҳаббат табиб, додарам Фаррух физикдон, Фарида омӯзгори забони тоҷикӣ (илоҳо рӯҳашон шод бод!) буданд, ки ба Ҳақ пайвастанд.

Додару хоҳаронам Маърифат, Фахриддин, Баҳриддин низ маълумоти олӣ доштанд. Соли гузашта додари хурдиам Баҳриддин низ нобаҳангом вафот кард. Ӯ мудири шуъбаи ташкилоти мактабӣ ва мактабҳои ноҳияи Самарқанд буд. Падари раҳматиам 15-уми июни соли 1975 вафот кардаанд.

Соли оянда садсолагии қиблагоҳ аст. Ният дорем ба ин муносибат баёзи шеъру ғазалҳояшонро чоп кунем...

Шодравон Ҳабиб Мардонов барои халқу ватан хидмати шоиста кардааст.

Намурд он касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,

Ки марди накӯном ҳаргиз намурд.

 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
деҳаи Хаймари Боло.

Вилояти САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: