Корхонаҳои «Спин-офф»: экосистемаи нави инноватсионӣ ташаккул меёбад

  • Корхонаҳои «Спин-офф»: экосистемаи нави инноватсионӣ ташаккул меёбад
  • Корхонаҳои «Спин-офф»: экосистемаи нави инноватсионӣ ташаккул меёбад

Соҳаи энергетика ва нафту кимиё яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.

Аз ин нуқтаи назар, дар назди Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро таъсис ёфтани ҶДММ «Compozit», ки ба истеҳсоли присадкаҳои баландкунандаи октани сӯзишворӣ барои автомобилҳо ихтисос ёфтааст, иқдоми муҳим ба шумор меравад.
Корхона иқтидори истеҳсоли солонаи 15 ҳазор тонна маҳсулотро дорад. Дар ин ҷо партовҳои дуюмдараҷа, ки дар корхонаҳои низоми ҶСК «OʻZBEKNEFTGAZ» ҳосил мешаванд, коркард мегарданд. Ҳоло барои ба роҳ мондани таъминоти ашёи хом тавассути ҶДММ «UZBEKISTAN GTL» музокирот идома дошта, дар ин самт «харитаи роҳ» таҳия шудааст.
— Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 апрели соли 2026 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми ташкили истеҳсолот дар кишвар дар асоси коркардҳои нав ва чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии илму технология» барои татбиқи коркардҳои илмӣ дар амал, тиҷоратӣ гардонидани маҳсулоти инноватсионӣ ва ташаккули экосистемаи муосири инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи муҳими ҳуқуқӣ фароҳам меорад, — мегӯяд ректори Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро Садоқат Сиддиқова. — Таъсиси ҶДММ «Compozit» яке аз натиҷаҳои талошҳои амалии мо дар самти таъмини иҷрои ин Фармон мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро барои ба арзиши иқтисодӣ табдил додани иқтидори илмӣ, яъне ташкили занҷири «илм – инноватсия – истеҳсолот», корҳои пайваста ва низомнок ба роҳ монда шудаанд.
То имрӯз олимони донишгоҳ соҳиби 86 патент шудаанд. Дар заминаи 8-тои онҳо бо ташаббус ва муассисии донишгоҳ корхонаҳои «спин-офф» таъсис дода шудаанд. Ғайр аз ин, нақша аст, ки боз 15 корхонаи нави «спин-офф» ташкил карда шавад. Дар байни онҳо лоиҳаҳое низ ҳастанд, ки ба технологияҳои гази гидрогенӣ, истеҳсоли дронҳо, инчунин ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ оид ба стандартҳои туризми ҳалол барои мутахассисони соҳаи сайёҳӣ равона шудаанд.
— Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корхонаҳои дар назди донишгоҳ таъсисёфта самтҳои гуногуни стратегиро фаро мегиранд, — мегӯяд сармутахассиси шуъбаи вилоятии Агентии рушди инноватсионӣ Икромҷон Муродов. — Масалан, ҶДММ «Smart Strategic Generations Spin-off»-ро гирем. Ин корхона то имрӯз ба маблағи 250 миллион сӯм хизматрасониҳои сайёҳӣ расонидааст. Дар маҷмӯъ, корхонаҳои инноватсионӣ, аз як тараф, имкон медиҳанд, ки иқтидори илмии донишгоҳ ба натиҷаи иқтисодӣ табдил дода шавад, аз ҷониби дигар, барои дастгирии ташаббусҳои соҳибкории олимон, тиҷоратӣ гардонидани коркардҳои илмии онҳо ва фароҳам овардани манбаъҳои иловагии даромад замина мегузоранд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони дахлдори роҳбари давлат то имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Бухоро беш аз даҳ корхонаи «спин-офф» таъсис дода шудааст.

Истам ИБРОҲИМОВ, «Халқ сӯзи».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: